Home Ахборот ➞ Сафари хидматӣ ва мубодилаи таҷрибаи мaъмурияти МД “ТоҷикНИИГиМ” ба шаҳри Словакия
Сафари хидматӣ ва мубодилаи таҷрибаи мaъмурияти МД “ТоҷикНИИГиМ” ба шаҳри Словакия

Сафари хидматӣ ва мубодилаи таҷрибаи мaъмурияти МД “ТоҷикНИИГиМ” ба шаҳри Словакия

Дарёи Дунай яке аз муҳимтарин дарёҳои Аврупо буда, аз ҳудуди Словакия гузашта, дар иқтисодиёт, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зист нақши муҳим мебозад. Дар Словакия системаҳои гидротехникӣ барои истифодаи захираҳои об, истеҳсоли нерӯи барқ, пешгирии обхезӣ, танзими маҷрои дарё ва таъмини киштгардӣ сохта шудаанд.

Моҳи ноябри соли 2026 директори генералии Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ” –и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Дилшод Мирзовалиевич ба Аврупо шаҳри Словакия сафари хидматӣ намуданд. Мақсади асосии сафари хизматӣ омӯзиши тақрибаи Словакия дар соҳаи сохтмон, истифода ва идоракунии иншооти гидротехникӣ дар дарёи Дунай аст. Дар рафти сафар шиносоӣ бо сарбандҳо, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, обанборҳо, каналҳои обрасон ва системаҳои муҳофизат аз обхезӣ пешбинӣ гардида буд. Дар натиҷаи сафари хизматӣ омӯзиши усулҳои назорати бехатарии иншооти гидротехникӣ, таҷрибаи пешқадам дар соҳаи истифодаи сарбандҳо, шиносоӣ бо таҷҳизоти муосири нерӯгоҳҳои барқи обӣ, омӯзиши идоракунии об ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода, омода намудани пешниҳодҳо барои истифодаи таҷрибаи Словакия дар Тоҷикистон таҷриба гардид.

Инчунин дар рафти сафар Умаров Д.М. аз минтақаҳои барқароршавандаи соҳилҳои ҷангалзори дарёи Дунай дидан карданд, ки дар он мавзеъ шароити хуби тақсимоти дарё мушоҳида мешуд ва  дар ин росто таҷрибаи усули ревайлдинг (баргардонидани табиат ба ҳолати табии худ) истифода шуда, шароити мусоид барои афзоиши саршумори парандагон, ан ҷумла парандагони ботлоқзор, турнаҳо ва ғозҳо, ҳаракати мавсимии моҳиҳо, ҳаракати киштиҳо ва киштиронии муназзам фароҳам оварда шудааст, ки барои ба тартиб даровардани низоми молиявии идоракунии захираҳои об мусоидат менамояд. Маълум гардид, ки хоҷагии оби минтақа соҳиби барқ, дорои ГЭС, соҳиби делта ва молики экосистемаи табии худ мебошад.