Рӯзҳои 28–29 октябри соли 2026 дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тренинги дурӯзаи омӯзишӣ дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии идоракунии ҳавзавии захираҳои об, фаъолияти Шурои ҳавзавии дарёи Панҷ ва мониторинги иҷрои Нақшаи ҳавзавӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ аъзоёни доимии Шурои ҳавзавии дарёи Панҷ, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, ки дар соҳаи идоракунӣ, ҳифз ва истифодаи захираҳои об ваколат доранд, кормандони ташкилотҳои ҳавзавӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд.
Яке аз тренерони чорабинӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ф.Н. Ҷабборов — мушовир оид ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи оби Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ» буд. Машғулиятҳои ӯ ба механизмҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии идоракунии ҳавзавӣ, татбиқи амалии ваколатҳои ниҳодҳои ҳавзавӣ, масъалаҳои ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалии об, инчунин такмили ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо истифодабарандагони об бахшида шуданд.
Дар доираи модули якум Ф.Н. Ҷабборов муқаррароти Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ислоҳоти соҳаи об, танзими ҳуқуқии идоракунии ҳавзавӣ ва тартиби ташкил ва фаъолияти шуроҳои ҳавзавиро баррасӣ намуд. Ба муайян намудани фарқи вазифаҳо, ваколатҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои ташкилоти ҳавзавӣ ва Шурои ҳавзавӣ, инчунин механизмҳои ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ, сохторҳои маҳаллӣ ва истифодабарандагони об таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар рӯзи дуюм тренер машғулияти мавзӯиро таҳти унвони «Ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалии об дар идоракунии ҳавзаи дарёи Панҷ» баргузор намуд. Дар он принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалии обҳои фаромарзӣ, муқаррароти конвенсияҳои обии солҳои 1992 ва 1997, равишҳои истифодаи одилона ва оқилонаи захираҳои об, пешгирии расонидани зарари назарраси фаромарзӣ ва рушди ҳамкории байни давлатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар барномаи тренинг ҳамчунин машғулиятҳои тренери дуюм — Ф. Муминова — оид ба ҷанбаҳои институтсионалӣ ва нишондиҳандаҳои мақсадноки Нақшаи ҳавзавии дарёи Панҷ, мониторинг ва арзёбии иҷрои он барои солҳои 2026–2030, ҷамъоварӣ ва мубодилаи иттилоот, ягонасозии ҳисоботдиҳӣ ва тартиби пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақша пешбинӣ гардида буданд. Чунин равиш имкон дод, ки масъалаҳои ҳуқуқӣ бо вазифаҳои амалии банақшагирӣ, мониторинг ва ҳамоҳангсозии байниидоравӣ алоқаманд карда шаванд.
Машғулиятҳо бо истифода аз усулҳои муосири интерактивӣ, аз ҷумла рӯнамоии мавзӯӣ, саволу ҷавоб, таҳлили ҳолатҳои амалӣ, кори гурӯҳӣ, иҷрои нақшҳо, санҷиши пешакӣ ва ҷамъбастии дониш, инчунин викторинаи рақамӣ дар платформаи MyQuiz.ru гузаронида шуданд.
Қисмати амалии рӯзи дуюм — бозии интерактивии «Нексус: об — энергетика — озуқаворӣ — экология», ки баъд аз машғулиятҳои назариявӣ таҳти роҳбарии Ф. Н. Ҷабборов баргузор гардид, таваҷҷуҳи махсуси иштирокчиёнро ҷалб намуд. Дар ҷараёни бозӣ иштирокчиён робитаи мутақобилаи қарорҳои қабулшавандаро дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ намуда, оқибатҳои истифодаи захираҳои маҳдудро муҳокима карданд, байни гурӯҳҳо музокирот анҷом доданд ва бо дарназардошти манфиатҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ роҳҳои қабули қарорҳои мувофиқашударо омӯхтанд.
Дар анҷоми тренинг иштирокчиён изҳор доштанд, ки донишу малакаҳои нави амалиро барои иҷрои самараноктари вазифаҳои Шурои ҳавзавӣ аз худ намуданд. Онҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки омӯзиши мазкур ба тағйир ёфтани назари онҳо нисбат ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ба самти мусбат мусоидат кард. Чорабинии баргузоргардида ба майдони муҳими рушди муколамаи касбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии намояндагони соҳаи об ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ табдил ёфт.







