Рӯзҳои 19 ва 20 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи «Кангурт», бо ташаббуси Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Қофарниҳон барои кормандони ташкилотҳои ҳавзавӣ ва аъзои шӯроҳои ҳавзавӣ тренингҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои «Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об», «Ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллии об» ва «Ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об ва дипломатияи об» баргузор гардиданд.
Ҳадафи асосии тренингҳо таҳкими иқтидори касбии иштирокчиён, такмили донишҳои назариявию амалӣ ва рушди малакаҳои онҳо дар самти идоракунии самараноку устувори захираҳои об, татбиқи қонунгузории соҳавӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар доираи мавзуи «Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об» ба аҳаммияти муносибати маҷмуӣ ва ҳавзавӣ ба идоракунии об, истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об, ҳамоҳангсозии манфиатҳои истифодабарандагон, иштироки ҷонибҳои манфиатдор дар қабули қарорҳо ва ҳифзи захираҳои об таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Машғулиятҳо аз рӯйи мавзуи «Ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллии об» ба баррасии муқаррароти Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, мафҳуму сарчашмаҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии об, ҳамоҳангсозии заминаи ҳуқуқӣ, инчунин роҳу воситаҳои ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳалли мусолиматомези баҳсҳои вобаста ба об бахшида шуданд.
Дар мавзуи «Ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об ва дипломатияи об» асосҳои ҳуқуқию институтсионалии ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, дипломатияи об, идоракунии муштараки маҷроҳои обии фаромарзӣ, равишҳои тақсими манфиатҳо, нақши ниҳодҳои минтақавӣ ва усулҳои мувофиқасозии манфиатҳои тарафҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Омӯзиши ду мавзуи охирро Ҷабборов Фарҳодҷон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мушовир оид ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи оби Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ», ба ҳайси тренер роҳбарӣ намуд.
Дар ҷараёни тренингҳо аз усулҳои интерактивии таълим васеъ истифода шуд. Дар баробари муколама ва саволу ҷавоб, санҷишҳои пешакӣ ва ҷамъбастии дониш (pre-test ва post-test), викторинаҳои мавзӯии «Ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллии об» ва «Дипломати об», инчунин бозиҳои шавқовари симулятсионӣ вобаста ба музокирот ва мувофиқасозии манфиатҳо баргузор гардиданд. Чунин равиш иштироки фаъолона ва табодули таҷрибаи касбиро тақвият бахшид.
Иштирокчиён дониш ва малакаҳои худро дар бахшҳои истифодаи амалии қонунгузории об, идоракунии ҳавзавӣ, таҳлили масъалаҳои ҳуқуқии обҳои фаромарзӣ, пешбурди музокироти обӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ва қабули қарорҳои ҳамоҳангшуда сайқал доданд.
Баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ба рушди иқтидори кадрии соҳаи об, таҳкими ҳамкории байни сохторҳои ҳавзавӣ ва татбиқи равишҳои муосири идоракунии захираҳои об мусоидат менамояд.
Шуъбаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи оби
Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ»






