Соҳаи мелиоратсия яке аз самтҳои муҳими рушди кишоварзӣ ва иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб меравад. Аҳамияти он пеш аз ҳама дар беҳтар намудани ҳолати замин, истифодаи самараноки захираҳои об ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ зоҳир мегардад. Мелиоратсия тавассути сохтмон, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо барои таъмини заминҳои кишоварзӣ бо об шароити мусоид фароҳам меорад. Инчунин, он ба пешгирии шӯршавии заминҳо, ботлоқшавӣ, эрозияи замин ва дигар равандҳои номатлуб мусоидат мекунад. Аз инҷост, ки ҳамасола таърихи 13-уми сентябр иди касбӣ Рӯзи мелиораторон ҷашн гирифта мешавад, ки тибқи Қонуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзи мелиораторон” № 753 аз 02 августи соли 2011 ҳамчун рӯзи касбӣ муқаррар шудааст.
13-сентябри соли 2026 раёсати Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ин санаи таърихиро, ки тавъам ба ҷашни пурифтихори Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, таҷлил намуда собиқадорони соҳа ва кормандони муассисаро бо Иди касбӣ табрику таҳният намуданд. Зимнан нуктаҳои асосии ин бахши муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҷаласаи тантанавӣ баргузоршуда аз ҷониби меҳмонон ва ҳозирин зикр гардида, таърихи фаъолияти солҳои қаблӣ, корҳои азими ба сомон расонидашуда, натиҷаҳо ва дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии кормандони ҷавони Муассиса ва фаъолони он дар маросими номбурда матраҳ гардид. Меҳнати содиқона ва масъулиятшиносии кормандони ин соҳаро ба инобат гирифта, раёсати МД “ТоҷикНИИГиМ” ҳар яки онҳоро барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи мелиоратсия бахшида ба Иди касбии мелиораторон ва 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд. Қайд карда шуд, ки бо фаъолияти бомароми кормандони МД “ТоҷикНИИГиМ” ва зерташкилотҳои он минбаъд низ истифодаи оқилонаи об дар ҳавзаҳои мухталиф, беҳтар намудани ҳолати заминҳои обёришаванда, ки аксарияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва барномаҳои илмӣ ба он равона гардидаанд, инчунин нигоҳдории инфрасохтори мелиоративӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва таъмини рушди устувори кишоварзӣ саҳми беназир хоҳанд гузошт.














