Home Ахборот ➞ Дифои рисолаи номзади фархунда бод!
Дифои рисолаи номзади фархунда бод!

Дифои рисолаи номзади фархунда бод!

Санаи 17 сентябри соли 2026 дар Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии мудири шуъбаи Истифодабарии хоҷагии оби МД «ТоҷикНИИГиМ»-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Қутбиддин Зайнуддин  дар мавзӯи “Омӯзиши омилҳои асосии ташаккул ва истифодабарии оқилонаи захираҳои оби дарёи Зарафшон (Ҷумҳурии Тоҷикистон)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.1. Геология, геодезия, гидрология, сохтмон, меъморӣ (2.1.37. Гидрологияи хушкї, захираҳои обӣ, гидрохимия)  бо муваффақият баргузор гардид.

Кори диссертатсионӣ дар МД «ТоҷикНИИГиМ»-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шудааст.

Дар рафти ҳимоя Олимзода Қ.З. ба ҳозирин натиҷаҳои кори илмии худро пешкаш намуда, аҳамиятнокии натиҷаҳоро исбот намуд. Аъзоёни Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи Олимзода Қ.З.-ро баланд арзёбӣ намуда, барои ноил шуданаш ба дараҷаи номзади илмҳои техникӣ дастгирӣ карданд.

Рисолаи номзадии Олимзода Қутбиддин Зайнуддин бо мақсади дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.1.37. Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия пешниҳод гардидааст.

Роҳбарият ва аҳли кормандони МД «ТоҷикНИИГиМ»-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Қутбиддин Зайнуддинро барои ҳимояи бомуваффақият муборакбод менамоянд.