Ҳамватанони азиз!
Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ» ба муносибати ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагонро самимона табрик менамояд!
Истиқлолият барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи озодӣ, худшиносӣ, соҳибихтиёрӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва ба ҳар як хонадони кишвар файзу баракат, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзумандем.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам ободу пешрафта ва мардуми сарбаланди он ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошанд!
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Ҷовидон бод Истиқлолияти Тоҷикистон!
Пойдор бод сулҳу ваҳдати миллӣ!


