Home АхборотДастрас ва харидорӣ намудани таҷҳизотҳои лабораторӣ аз ҷониби Фонди Оғо Хон ба МД “ТоҷикНИИГиМ” –и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастрас ва харидорӣ намудани таҷҳизотҳои лабораторӣ аз ҷониби Фонди Оғо Хон ба МД “ТоҷикНИИГиМ” –и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастрас ва харидорӣ намудани таҷҳизотҳои лабораторӣ аз ҷониби Фонди Оғо Хон ба МД “ТоҷикНИИГиМ” –и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи амалисозии банди 41-42 “Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, “Стратегияи миллии рушди илм ва технологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тибқи “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 марти соли 2023 № 53 дар бораи “Барномаи давлатии экологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2023-2028 ва барномаҳои соҳавии рушди кишоварзӣ, ҷиҳати иҷрои лоиҳаи илмӣ дар мавзӯи «Коркарди реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлими Тоҷикистон» аз ҷониби Фонди Оғо Хон таърихи 03 июли соли 2026 ба МД “ТоҷикНИИГиМ” шуъбаи техника ва технологияи обёрӣ таҷҳизотҳои лабораторӣ харидорӣ ва дастрас гардиданд. Таҷҳизотҳо барои гузаронидани таҳқиқоти саҳроӣ ва лабораторӣ, таҳқиқоти фенологӣ, таҳқиқи андозагирии биометрӣ, муайян кардани бухоршавӣ хусусияти муқаррар намудани истеъмоли об ва реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ, усулҳои ҷамъ кардан ва кор карда баромадани маълумот, баҳо додан ба самараи иқтисодии агротехнологияҳо, пурзӯр намудани иқтидори гузаронидани таҳқиқотҳои саҳроӣ бо зироатҳои гуногун дар шароити гуногуни хоку иқлими ҷумҳурӣ, вусъат додани методологияи гузаронидани таҳқиқотҳои биометрӣ, гидрометрӣ, обию физикӣ, агрономӣ ниҳоят муфид арзёбӣ мегарданд.