Санаи 14 августи соли 2026 комиссияи апробатсионии МД “ТоҷикНИИГиМ” бо роҳбарии доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Пулатов Я.Э., котиби илм Разоқова Г.Т., номзади илмҳои техникӣ Пулатов Ш.Я., мудири шуъбаи техника ва технологияи обёрӣ Азимов М. ходими калони илм Аюбзода А. ва дигар намояндагон аз идораҳои ҳамкор қитъаҳои озмоишии Институти “Зироаткорӣ”-и Академияи илмҳои кишоварзӣ мавриди таҳқиқи илмӣ вобаста ба мавзӯи “Коркарди реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлими Тоҷикистон” қарор гирифтанд. Дар ҷараёни баргузории апробатсияи илмӣ аъзои комиссия дар минтақаи интихобӣ бо методологияи обёрӣ ва реҷаи обёрӣ ва сарфи об барои зироатҳои асосии кишоварзӣ аз қабили пахта, юнучқа, ҷуворимакка, гандум, сабзавот ва ҳ. шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳар як намуди зироат мувофиқи навъ, мушахассот ва вариантҳои обдиҳӣ ҷудо ва кишт шудааст. Аз ҷониби ҳайати комиссия маълум шуд, ки мушоҳидаҳои фенологии зироатҳои кишоварзии киштнамуда дар қитъаҳои таҷрибавӣ сари вақт гузаронида шуда истодааст.
Дар рафти аппробатсияи илмӣ мушоҳида гардид, ки вазифаҳои гузошташуда бо истифода аз методологияи умум қабулшуда анҷом шуда, ба равиши систематикӣ ва пайваста ба масъалаи таҳқиқшаванда асос ёфтааст. Тадқиқот бо роҳи ҷамъоварии маълумот дар бораи шароити табиии макон гузаронида шудааст ва дар он усулҳои таҳқиқоти саҳроӣ ва лабораторӣ истифода мешаванд. Ниҳоят коркарди натиҷаҳои бадастомада ва тартиб додани ҷадвалҳо ва диаграммаҳо бо истифода аз усулҳои математикӣ ва барномаи компютерӣ анҷом дода мешаванд.










