Рӯзҳои 29–30 июли соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд барои мутахассисони соҳаҳои обу энергетикаи вилояти Суғд тренинги омӯзишӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе доир шуда, ба таҳкими донишҳои амалӣ ва рушди ҳамкории байнисоҳаҳо равона гардид.
Дар рафти тренинг намояндагони МД «ТоҷикНИИГиМ» ҳамчун тренер фаъолона иштирок намуданд. Ҷабборов Ф.Н., мушовир оид ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи об, дар мавзӯи «Равиши Нексус: об — озуқаворӣ — энергия — экология» баромад намуда, робитаи мутақобилаи истифодаи захираҳои об, амнияти озуқаворию энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зистро шарҳ дод.
Султонмамадова Умеда, ходими калони илмии шуъбаи захираҳои об ва кадастр, якҷо бо намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрис Изатзода дар мавзӯи «Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об» баромад карданд.
Дар қисми амалии тренинг иштирокчиён таҳти роҳбарии тренерон бозии интерактивии «Нексус»-ро гузаронида, қарорҳои марбут ба идоракунии захираҳои об, озуқаворӣ ва энергетикиро моделсозӣ ва таъсири онҳоро ба муҳити зист арзёбӣ намуданд.
Иштироки кормандони МД «ТоҷикНИИГиМ» дар ин чорабинӣ ба паҳн намудани донишҳои илмию амалӣ, такмили малакаи мутахассисони соҳаи об ва таҳкими ҳамкории касбӣ мусоидат намуд.
Шуъбаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи оби
МД «ТоҷикНИИГиМ»





