Home АхборотДИҚҚАТ, ОЗМУН!
ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия»-и назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (МД «ТоҷикНИИГиМ») барои ишѓоли ҷойҳои кории холии озмун эълон мекунад:

  • ходими илми шуъбаи техника ва технологияи обёрӣ – 1 воҳид дар ҳаҷми 1387 сомонӣ, муқаррар карда шудааст.
  • мутахассис-лаборанти шуъбаи техника ва технологияи обёрӣ – 1 воҳид дар ҳаҷми 1387 сомонӣ, муқаррар карда шудааст.
  • ходими калони илми шуъбаи мелиоратсия – 1 воҳид, дар ҳаҷми 1542 сомонӣ, муқаррар карда шудааст.
  • мутахассиси шуъбаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи об – 1 воҳид, дар ҳаҷми 1387 сомонӣ, муқаррар карда шудааст.
  • мудири хоҷагӣ – 1 воҳид, дар ҳаҷми 1840 сомонӣ, муқаррар карда шудааст.
  • мутахассис-лаборанти шуъбаи иқтисодиёти хоҷагии об – 1 воҳид, дар ҳаҷми 1387 сомонӣ, муқаррар карда шудааст.
  • механизатори МИТ “Ҳисор” – 1 воҳид, дар ҳаҷми 1088 сомонӣ, муқаррар карда шудааст.
  • боғбони МИТ “Ҳисор” – 1 воҳид, дар ҳаҷми 1009 сомонӣ, муқаррар карда шудааст.

Талабот барои номзадоне, ки барои ишғоли вазифаи ходими калони илмӣ ва мутахассис ҳуҷҷат месупоранд:

  • маълумоти олӣ доир ба ихтисоси гидротехника ва мелиоратсия,
  • собиқаи корӣ зиёда аз 3 сол аз рўи тахассус.

Номгўйи ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод:

  • ариза ба номи роҳбари муассиса,
  • нусхаи шиноснома бо нишондоди ҷойи истиқомат – 1 адад,
  • сурати 3х4 – 4 адад,
  • нусхаи диплом (якҷоя бо замимааш) доир ба маълумоти олӣ – 1 адад,
  • дафтарчаи меҳнатӣ,
  • нусхаи РМА (ИНН) – 1 адад,
  • нусхаи дипломи доктор ё номзади илм (барои вазифаи мудири шуъба).

Суроға барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 734064, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, н.Сино, кўчаи Шамсӣ 5/1, ошёнаи 5-ум, Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ».
Телефонҳо барои маълумот:
236-29-82, 236-59-40.
E–mail: taj.niigim”at”gmail.com, info”at”niigim.tj
Санаи ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо 10 июли соли 2026 мебошад. Бо сабаби дер нашр гардидани эълон, муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 24 июли соли 2026 тамдид карда шуд.