МД “ТоҷиКНИИГиМ” –и Вазорати энернетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар канори татбиқи барномаву стратегияҳои давлатии марбута иҷрокунандаи бомароми Стратегияи давлатии муќовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи дуюм аз соли 2026 то 2030 мебошад. Мусаллам аст, ки, мақсаду мароми Стратегияи мазкур ба паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некўаҳволии мардум равона карда шудааст. Дар талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 дар таҳрири нав қабул гардида муқаррар шуааст, ки қонуни мазкур мафҳуми коррупсия мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ гардонида дар мазмуни он низ масъалаҳои принсипҳои мубориза бар зидди коррупсия ва дар маҷмуъ механизми муқовимати коррупсия пешбинӣ гардидааст.
Дар МД «ТољикНИИГиМ» Вазорати энергетика ва захирањои оби Љумњурии Тољикистон Наќшаи чорабинињои дохилиидоравии зиддикоррупсионии барои соли 2026 доир ба амалисозии «Стратегияи давлатии муќовимат ба коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад. Дар Нақшаи чорабинӣ ҳамагӣ 16 бандҳои асосӣ қабул карда шудааст, ки бе восита ба самти фаъолияти Муассиса 8 банди он вобаста мебошад ва иҷрои талаботи ҳар як банди онро ба кормандон бо таври алоҳида вогузор шудааст.
Коррупсия яке аз зуњуроти хавфноки љомеа буда, дар миќёси чањонї њамчун љинояти вазнин ва яке аз унсурњои тањдидкунанда ба амнияти миллї ва халалдоркунандаи рушду суботи иљтимоию иќтисодии давлат мебошад. Бо маќсади ташкили мубориза бар зиддикоррупсия ва андешидани чорањои зарурї дар сатњи миллї маљмўи санадњои меъёрии њуќуќї ќабул гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҷорӣ ва татбиқ намудани нуқтаҳои муҳими дар Нақшаи чорабиниҳо овардашуда ҳангоми гузаронидани омӯзишҳо ва тренингҳо дар саросари мамлакат аз ҷониби кормандони МД “ТоҷикНИИГиМ” фаҳмонида мешавад. Аз он ҷумла ҳинни вохӯрӣ бо деҳқонону хоҷагидорон, намояндагони АИО ва ГИО, сардорони раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ, кишоварзӣ, муҳити зист, обгирандагону обистифодабарандагони ҷумҳурӣ оид ба татбиқи масъалаҳои: хавфҳои коррупсионӣ ҳангоми тақсимоти об, навбат, ченкунӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва хизматрасонӣ, шаффофияти тарифҳо, пардохтҳо ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хизматрасонии об, роҳҳои пешгирӣ: пардохти ғайринақди, эълони маълумот, бақайдгирии муроҷиатҳо ва назорати ҷамъиятӣ, ҷавобгарии ҳуқуқи барои талаб ё додани маблағҳои ғайрирасмӣ ва тартиби хабар додан аз конуншиканӣ, нақши роҳбарони хоҷагиҳо: АИО, ҷамоатҳо ва идораҳои хоҷагии об, дар пешгирии ҳолатҳои баҳснок масъалагузориҳо карда мешаванд.


















