Home АхборотТРЕНИНГҲОИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ОБЧЕНКУНӢ, НАҚШАИ ИСТИФОДАИ ОБ ВА АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ОБРАСОНӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД
ТРЕНИНГҲОИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ОБЧЕНКУНӢ, НАҚШАИ ИСТИФОДАИ ОБ ВА АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ОБРАСОНӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД

ТРЕНИНГҲОИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ОБЧЕНКУНӢ, НАҚШАИ ИСТИФОДАИ ОБ ВА АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ОБРАСОНӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БАРГУЗОР ГАРДИДАНД

Дар рӯзҳои 28 апрел — 1 майи соли 2026 дар як қатор деҳаҳои шаҳри Панҷакент силсилаи тренингҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Обченкунӣ, нақшаи истифодаи об ва асосҳои ҳуқуқии обрасонӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва ҷамоатҳо» баргузор гардид.

Тренингҳо санаи 28 апрел дар деҳаи Зарринруд, 29 апрел дар деҳаи Лоиқ Шералӣ (Ғӯсар), 30 апрел дар деҳаи Зери Ҳисор ва 1 май дар деҳаи Моғиён гузаронида шуданд. Чорабиниҳои мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Фонди Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Идоракунии ҳамгироии захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон” / INVEST амалӣ гардиданд.

Дар тренингҳо ҳамчун тренерон Олимзода Қутбиддин Зайниддин, мудири шуъбаи истифодабарии хоҷагии оби МД “ТоҷикНИИГиМ”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мушовир оид ба такмили ихтисоси кормандони соҳаи оби муассисаи мазкур, ходими калони илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, иштирок ва машғулиятҳои назариявию амалиро роҳбарӣ намуданд.

Дар чорабиниҳо деҳқонон, роҳбарон ва намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони хоҷагии оби шаҳри Панҷакент, намояндагони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ҷамоатҳо, фаъолони маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 300 нафар аз ин силсилаи тренингҳо баҳравар гардида, донишу малакаи амалии худро дар самти истифодаи оқилонаи об, ченкунии сарфи об, банақшагирии обрасонӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони об тақвият доданд.

Дар оғози машғулиятҳо аҳаммияти таърихӣ ва байналмилалии ташаббусҳои обии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид гардид. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ эътироф гардидааст. Ин ташаббусҳо на танҳо обрӯву нуфузи байналмилалии кишварро баланд бардоштанд, балки барои таҳкими фарҳанги истифодаи сарфакоронаи об дар дохили кишвар низ заминаи устувор фароҳам оварданд.

Дар қисмати назариявии тренинг ба иштирокчиён оид ба мақсад ва вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии об, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои соҳавӣ маълумот дода шуд. Тренерон ба шунавандагон шарҳ доданд, ки об барои хоҷагии деҳқонӣ танҳо воситаи истеҳсолӣ нест, балки асоси ҳосил, даромад, амнияти озуқаворӣ, шуғли аҳолӣ ва суботи иҷтимоии деҳот мебошад. Аз ин рӯ, истифодаи об бояд бо қонун, шартнома, нақша, ҷадвали обрасонӣ, ҳисобу китоб ва масъулияти тарафҳо алоқаманд бошад.

Дар ҷараёни тренинг масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадориҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, тартиби бастани шартномаи хизматрасонии обрасонӣ, нақшаи истифодабарии об, ҷадвали обрасонӣ, биллинг, тариф, пардохти ғайринақдӣ, тартиби муроҷиат, таҳияи акт, ҳалли баҳсҳо ва нақши ҷамоатҳо дар пешгирии низоъҳои вобаста ба об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза муносибатҳои обрасонӣ бояд ҳарчи бештар ба шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва далелнокӣ такя намоянд. Ҳар як хоҷагии деҳқонӣ бояд донад, ки аз кӣ об мегирад, чӣ қадар об мегирад, дар кадом муҳлат мегирад, чӣ гуна маблағ ҳисоб мешавад, дар ҳолати нарасидани об ба куҷо муроҷиат мекунад ва кадом ҳуҷҷатҳо барои ҳимояи ҳуқуқи ӯ заруранд. Ҳамин гуна равиши ҳуқуқӣ метавонад баҳсҳоро кам, эътимодро зиёд ва истифодаи захираҳои обиро самаранок гардонад.

Қисмати амалии тренингҳо бо роҳбарии Олимзода Қ.З. ба масъалаҳои обченкунӣ ва баҳисобгирии сарфи об бахшида шуд. Иштирокчиён бо усулҳои анъанавӣ ва муосири ченкунии об, талабот ба иншоотҳои обченкунанда, интихоби ҷойи дурусти насби таҷҳизот, гузаронидани буришҳои кундаланг, муайян намудани параметрҳои гидравликии канал ва тартиби пур кардани дафтари баҳисобгирии сарфи об шинос гардиданд.

Дар минтақаҳои таҷрибавӣ ба шунавандагон тарзи истифодаи таҷҳизоту иншоотҳои гуногуни обченкунӣ, аз ҷумла асбоби рақамии SEBA FlowSens, ништаки обченкунаки Чиполетти бо андозаҳои 25 ва 50, ништаки Томсон, инчунин дигар усулҳои баҳисобгирии сарфи об нишон дода шуд. Тренерон дар амал тарзи насби таҷҳизот, хондани нишондиҳандаҳо, ҳисоб кардани сарфи об ва истифодаи натиҷаҳо барои тақсимоти одилонаи обро шарҳ доданд.

Иштирокчиён инчунин бо аҳаммияти дидбонгоҳҳои гидрометрӣ, дидбонгоҳҳои пули-маҷроӣ, усули ченкунии суръат бо шиноварак, истифодаи асбобҳои гидрометрӣ ва тартиби ҳисоб намудани ҳаҷми умумии оби гирифташуда шинос шуданд. Қайд гардид, ки бе обченкунии дуруст наметавон тақсимоти одилона, банақшагирии воқеӣ, коҳиши талафоти об ва назорати самараноки шабакаҳои обёриро таъмин намуд.

Чунин тренингҳо аз он ҷиҳат аҳаммияти хос доранд, ки онҳо донишҳои назариявиро бо малакаи амалӣ пайваст менамоянд. Деҳқон, корманди АИО ё намояндаи ҷамоат танҳо бо шунидани мафҳумҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ маҳдуд намешавад, балки дар саҳро мебинад, ки сарфи об чӣ гуна чен карда мешавад, дафтари баҳисобгирӣ чӣ гуна пур мегардад, шартнома барои чӣ зарур аст ва ҳангоми баҳс кадом далелҳо бояд ҷамъоварӣ шаванд.

Ҳамзамон, тренингҳо нишон доданд, ки дар маҳалҳо ҳанӯз ҳам зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва техникии истифодабарандагони об боқӣ мемонад. Дар баъзе ҳолатҳо норасоии таҷҳизоти муосири обченкунӣ, истифодаи нокифояи ҳисобу китобҳои шаффоф, заиф будани ҳуҷҷатгузорӣ, номукаммалии шартномаҳо ва паст будани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ метавонад боиси нофаҳмӣ, баҳсҳои маҳаллӣ ва истифодаи ғайрисамараноки об гардад. Аз ин рӯ, идомаи чунин омӯзишҳо, дастгирии АИО, тақвияти ҳамкории ҷамоатҳо ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии об аз вазифаҳои муҳими рӯз боқӣ мемонад.

Фонди Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ва МД “ТоҷикНИИГиМ” бо ташкили чунин чорабиниҳои судманд дар водии Зарафшон саҳми арзанда дар рушди устувори маҳал, баланд бардоштани иқтидори ҷомеаҳои деҳот, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таҳкими ҳамкории байни хоҷагиҳои деҳқонӣ, АИО ва сохторҳои маҳаллӣ мегузоранд. Ин иқдомҳо намунаи хуби ҳамгироии илм, амалия, ҳуқуқ ва ниёзҳои воқеии аҳолӣ мебошанд.

МД “ТоҷикНИИГиМ” иштироки ходимони илмии худро дар чунин чорабиниҳои амалӣ ҳамчун як ҷузъи муҳими робитаи илм бо ҳаёт арзёбӣ менамояд. Зеро илми ҳуқуқ дар сурате барои ҷомеа фоидаовар мегардад, ки меъёрҳои қонун ба забони содда ба мардум фаҳмонда шаванд, ҳуқуқу уҳдадориҳо дар амал татбиқ гарданд ва шаҳрвандон тавонанд манфиатҳои қонунии худро бо роҳи ҳуқуқӣ ҳимоя намоянд.

Дар фарҷоми тренингҳо иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифта, пешниҳод намуданд, ки чунин омӯзишҳо минбаъд низ дар дигар деҳаҳо ва минтақаҳои хизматрасонии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об идома дода шаванд. Ба андешаи онҳо, омӯзиши якҷояи масъалаҳои техникӣ ва ҳуқуқӣ барои пешгирии баҳсҳо, беҳтар намудани тақсимоти об ва баланд бардоштани масъулияти истифодабарандагон бисёр зарур ва саривақтӣ мебошад.

Силсилаи тренингҳои мазкур бори дигар собит сохт, ки идоракунии оқилонаи об танҳо масъалаи техникӣ нест. Он ҳамзамон масъалаи ҳуқуқ, масъулият, адолат, шаффофият, фарҳанги истифодабарӣ ва эҳтиром ба неъмати бебаҳои табиат мебошад. Об сарвати миллӣ, асоси ҳаёт ва амонат барои наслҳои имрӯзу фардост. Аз ин рӯ, ҳар қатраи он бояд бо дониш, масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ истифода гардад.

Шуъбаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи оби МД “ТоҷикНИИГиМ”