Аз 26 то 29 январи соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Институти илмӣ-тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон» (МД «ТоҷикНИИГиМ») назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги илмӣ-амалӣ оид ба асосҳои методологии татбиқи барномаи илмӣ-тадқиқотии «Таҳияи низоми обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон (2025–2029)» бомуваффақият баргузор гардид.
Чорабинӣ аз тарафи шуъбаи техника ва технологияи обёрии МД «ТоҷикНИИГиМ» ташкил гардида, ба майдони муҳими касбӣ барои табодули дониш, таҳкими иқтидори илмӣ ва рушди ҳамкориҳои соҳавӣ табдил ёфт ва нақши пешбарандаи МД «ТоҷикНИИГиМ»-ро ҳамчун маркази асосии илмии кишвар дар соҳаи обёрӣ, бещдошти замин ва идоракунии захираҳои об бори дигар тасдиқ намуд.
Тренинг дар доираи татбиқи корҳои илмӣ-тадқиқотии комплексӣ (РБ0125TJ1668), ки аз ҷониби ГУ «ТоҷикНИИГиМ» дар ҳамкорӣ бо Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, инчунин Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, баргузор карда шуд.
Гузаронидани ин чорабинӣ ба татбиқи санадҳои муҳими давлатии соҳаи сиёсати об ва кишоварзӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040, барномаҳои ислоҳоти соҳаи об ва рушди кишоварзӣ, инчунин нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат намуд.
Ҳадафи асосии тренинг баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии иҷрокунандагони корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ташаккули равиши ягонаи методологӣ дар омӯзиши низомҳои обёрӣ ва обистеъмолии зироатҳои кишоварзӣ дар шароити гуногуни хокию иқлимии кишвар буд.
Дар давоми чор рӯз иштирокчиён донишу малакаҳои амиқи назариявӣ ва амалӣ аз рӯи самтҳои зерин ба даст оварданд:
- таҳия ва асосноккунии низомҳои обёрӣ;
- методикаи гузаронидани тадқиқотҳои саҳроӣ ва лабораторӣ;
- муайян намудани обистеъмолӣ ва намнокии хок;
- баҳисобгирии оби обёрӣ ва ҳисобкунии меъёрҳои обёрӣ;
- таҳлили баланси об ва эвапотранспиратсия;
- арзёбии ҳосилнокӣ ва самаранокии иқтисодии агротехнологияҳо;
- коркарди маълумоти таҷрибавӣ ва таҳияи ҳисоботҳои илмӣ-техникӣ.
Ба масъалаҳои сарфакорона истифода бурдани захираҳои обию заминӣ, ҳифзи онҳо ва мутобиқсозии соҳаи кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим диққати махсус дода шуд.
Модератории умумии чорабиниро директори генералии МД «ТоҷикНИИГиМ», номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Д.М. Умаров анҷом дод. Роҳбарии илмии тренингро роҳбари мавзӯи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Я.Э. Пулатов ба уҳда дошт. Дар рафти машғулиятҳо усулҳои муосири методологӣ ва воситаҳои амалии гузаронидани тадқиқот пешниҳод гардиданд.
Дар кори тренинг 25 нафар мутахассисон — кормандони илмӣ, аспирантон, докторантон ва мутахассисони соҳаи об ва кишоварзӣ аз 11 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони минтақаҳои гуногуни агроиқлимӣ иштирок намуданд.
Рӯзи охирини тренинг ба машғулиятҳои амалӣ дар пойгоҳи Маркази илмӣ-тадқиқотии Ҳисор бахшида шуда, ба иштирокчиён имкон дод, ки донишҳои бадастовардаро дар шароити воқеии истеҳсолӣ татбиқ намоянд.
Гузаронидани тренинг қадами муҳим дар самти таҳкими иқтидори илмӣ-тадқиқотии кишвар ва фароҳам овардани замина барои таҳияи низомҳои мутобиқшуда ва сарфакоронаи обёрӣ ба ҳисоб меравад. Дониш ва малакаҳои ҳосилшуда дар марҳилаҳои минбаъдаи татбиқи барномаи илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳангоми таҳияи тавсияҳои илмӣ барои соҳаи кишоварзӣ истифода хоҳанд шуд.
МД «ТоҷикНИИГиМ» бори дигар мавқеи худро ҳамчун платформаи пешбари илмӣ ва экспертӣ дар соҳаи обёрӣ ва беҳдошти замин мустаҳкам намуда, дар таъмини амнияти об ва озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошт.

















