Раёсати Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ» ва иҷрокунандагони масъул оид ба татбиқи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар мавзўи «Коркарди реҷаи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлими ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ аз моҳи марти соли 2025 то инҷониб ба як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарҳои хизматӣ доир намуда, вобаста ба шароити хоку иқлим, релеф ва хусусиятҳои обталабии зироатҳои кишоварзӣ барои 6 зироати асосӣ қитъаҳои таҷрибавиро муайян ва интихоб намуданд.
То инҷониб аз ҷониби олимони муассиса (доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Пўлотов Я.Э.; номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Умаров Д.М., номзади илмҳои кишоварзӣ Сангинова Б.С., номзади илмҳои техникӣ ҷабборов П.Н. ва муҳандис-гидротехник Олимов қ.З.) дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Шаҳритус, Файзобод, Ёвон, Данғара, Бобоҷон ғафуров, Панҷакент, Мастчоҳ, Мўъминобод ва Рўшон қитъаҳои таҷрибавӣ интихоб ва барои пешбурди корҳои илмӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
қобили зикр аст, ки таҷрибаҳои илмӣ дар 11 минтақаи табиию хоҷагидории мамлакат ба роҳ монда шуда, вобаста ба минтақаҳои гидромодулӣ барои ҳар як зироат дар давоми панҷ соли таҳқиқот реҷаи обёрӣ асоснок ва муайян карда мешавад.
Таҳқиқот дар ҳамкорӣ бо Институтҳои зироаткорӣ, хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Агентии обуҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.