Home АхборотИштирок ва маърўзаҳо дар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи: «Нақши рўйпўшкунии ҷангалзорҳо дар такмили идоракунии ҳавзаҳои обҷамъкунӣ»
Иштирок ва маърўзаҳо дар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи: «Нақши рўйпўшкунии ҷангалзорҳо дар такмили идоракунии ҳавзаҳои обҷамъкунӣ»

Иштирок ва маърўзаҳо дар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи: «Нақши рўйпўшкунии ҷангалзорҳо дар такмили идоракунии ҳавзаҳои обҷамъкунӣ»

Бо ибтикори Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ»-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 феврали соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи маҷмааи меҳмонхонаи «Румї» дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши рўйпўшкунии ҷангалзорҳо дар такмили идоракунии ҳавзаҳои обҷамъкунӣ» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Ҳадафи семинари омӯзишӣ аз ҷамъ овардани ҷонибҳои манфиатдор ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҷамоатҳои маҳаллӣ ва донишкадаҳо барои муҳокимаи хатарҳои сӯхтор дар ҷангал, таҳдидҳо ва имкониятҳои пешгирӣ дар ҳавзаҳои дарёҳо; муайянсонии камбудиҳо оид ба донишњо ва нишондиҳандаҳои арзёбии хатари сӯхтор барои дохил кардан ба панели эҳтимолии арзёбии хатари сӯхтори ҷангал иборат буд.

Чорабиниро доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Я.Э. Пўлотов роҳбарӣ кард.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ», Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти байналмилалии идоракунии захирањои об (IWMI), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоњи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоњтемур, Инстути масъалањои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмњои Тољикистон ва ташкилоти љамъиятии «Умедбахш» баромад ва маърўзањо намуданд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Институти байналмилалии идоракунии захирањои об об (IWMI) баргузор гардид.