Бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 2.09.2024 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2024 ва баҳори соли 2025 дар шаҳри Душанбе» санаи 22 феврали соли 2025 кормандони Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ» дар чорабинии ниҳолшинонӣ, ки аз тарафи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки 62-юми шаҳри Душанбе ташкил карда шуд, фаъолона иштирок намуда, дар ободии пойтахт саҳми худро гузоштанд.
