Home АхборотНақши илм дар таъмини устувории маърифати ҳуқуқӣ оид ба об
Нақши илм дар таъмини устувории маърифати ҳуқуқӣ оид ба об

Нақши илм дар таъмини устувории маърифати ҳуқуқӣ оид ба об

Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўиНақши илм дар таъмини устувории маърифати ҳуқуқӣ оид ба об ” санаи 19 декабри соли 2024

Тибқи нақша – чорабиниҳои Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон” (МД “ТоҷикНИИГиМ”) санаи 19 декабри соли 2024 конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Нақши илм дар таъмини устувории маърифати ҳуқуқӣ оид ба об» баргузор намуд. Дар конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ муовини вазири Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоимзода ҷ.Ш., д.и.к., профессор – Пулотов Я.Э., ходими пешбари илмии Институти масъалаҳои об, гидротехника ва экологияи АИ ҷТ – д.и.т. Носиров Н.қ., профессори ДДОТ ба н.С.Айнӣ – д.и.ҷ., Муртазоев У., Сардори Райёсати Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон – Назифов Ш., Директори МД “МИТҳМЗ” – Саидзода С.М., муовини ММТҷТ н.и.и., дотсент -Олимҷонзода У., Сардори хадамоти назорат дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникии ВЭ ва ЗО ҷТ – Ғафурзода Т., мудири кафедраи назарияи иқтисодии ДБССТ д.и.и., профессор – Садриддинов М. ва дигарон иштирок намуданд. Кори конференсияиро роҳбари муассиса директори генералӣ Умаров Д.М. оѓоз намуда, сухани ифтитоҳиро дар қисмати пленарӣ дарҷ намуданд. Дар раванди конференсия олимон, тадқиқотчиён ва кормандони соҳа масъалаҳои зеринро баррасӣ намуданд:

– заминаҳои асосии таъмини маърифати ҳуқуқӣ дар соҳаи об;

– роҳҳои имконпазири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар байни истифодабарандагони об;

– идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон;

– муаммоҳои таѓйирёбии иқлим ва роҳҳои иқтисодии ҳалли онҳо;

– нақши маориф ва илм дар тарбияи насли наврас оид ба рушди маърифати ҳуқуқӣ ва истифодабарии захираҳои табиӣ/обӣ;

– нақши ташкилотҳои молиявӣ дар маблаѓгузории иқтисоди сабз;

– технологияҳои муосири обёрии зироатҳои кишоварзӣ;

– ҳифзи муҳит, геоэкология ва хатарҳои геоэкологӣ;

– комёбиҳои илм дар соҳаи об барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат;

– технологияҳои муосири истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ;

– ишноотҳои гидротехникӣ, бехатарӣ ва ҳолати истифодабарии онҳо;

– беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда;

– технологияҳои инноватсионӣ барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок;

– технологияҳои сарфакунандаи нерў;

– истифодаи оқилонаи чорабиниҳои агротехникӣ барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок.

/** * The template for displaying comments * * This is the template that displays the area of the page that contains both the current comments * and the comment form. * * @link https://developer.wordpress.org/themes/basics/template-hierarchy/ * * @package buzmag */ /* * If the current post is protected by a password and * the visitor has not yet entered the password we will * return early without loading the comments. */ if ( post_password_required() ) { return; } ?>

Leave a Reply