Рӯзи 4 ноябри соли 2024 тибқи Нақша-чорабиниҳои муассисаи давлатии «ТољикНИИГиМ» ҷиҳати баргузории суҳбату вохӯриҳо бахшида ба 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024» 30 декабри соли 2023, № 668, ки ба имзо расидааст дар муассисаи давлатии «ТољикНИИГиМ» семинари илмӣ-назариявӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар кори семинар кормандони муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал директори генералии муассиса Умаров Д.М. кормандонро хайрамақдам гуфта, ба иштироккунандагон барои ташриф оварданашон изҳори сипос намуд.
Аз ҷониби баромадкунандагон доир ба таърихи Конститутсия ва нақши Конститутсия дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, маърифати ҳуқуқӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати хуқуқӣ, тарбияи ҷавонон, асосҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ ба таври васеъ маълумот дода шуд. Ќайд гардид, ки ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат мо бояд дар раванди фаъолияти зиндагиамон ва вохӯриҳои худ маърифати ҳуқуқии атрофиёнро ҳаматарафа баланд бардорем. Танҳо дониши хуб ва маърифати баланди ҳуқуқӣ метавонад пеши роҳи паҳншавии радикализми динӣ ва ҳар гуна амалҳои зарароварро гирад. Инчунин, баҳри боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо заминаи хуберо фароҳам меорад ва чи тавре Пешвои миллат қайд карданд, “дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.
Дар идомаи семинар котиби илмии муассиса Љаборова М.Љ. ќайд намуд, ки Конститутсия, ки ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, бо хусусияти миллиаш дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии шаҳрвандон ва шиносонидани онҳо бо бузургони миллат ва таъриху фарҳанг нақши мондагор гузошт. Вазифаи халқи Тоҷикистон дар хусуси «… мо халқи Тоҷикистон дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадорем», ки дар дебочаи Конститутсия омадааст, «Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад» (мод. 40), «Ҳифзи…ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст» (моддаи 45) бо дастгириву заҳматҳо ва ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ татбиқи худро ёфтанд ва саҳифаҳои нав ба нави таъриху фарҳанги миллатамон барои халқу миллат боз гардид.
Конститутсия эълон намуд, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
Конститутсия эълон намудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад (моддаи 1).
Ҷиҳати ба амал баровардани ин муқаррароти Конститутсия, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Сатҳи камбизоатӣ дар маҷмуъ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд. Дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст. Дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба рушд ва таҳкими минбаъдаи сиёсати иҷтимоии давлат мусоидат менамояд.
Тибқи моддаи 16 Конститутсия «Шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат таҳти ҳимояи давлат мебошанд», ки ин муқаррарот пайваста дар маркази диққати роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумат қарор дорад.
Конститутсия, ки ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, бо хусусияти миллиаш дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии шаҳрвандон ва шиносонидани онҳо бо бузургони миллат ва таъриху фарҳанг нақши мондагор гузошт. Вазифаи халқи Тоҷикистон дар хусуси «… мо халқи Тоҷикистон дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадорем», ки дар дебочаи Конститутсия омадааст, «Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад» (мод. 40), «Ҳифзи…ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст» (моддаи 45) бо дастгириву заҳматҳо ва ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ татбиқи худро ёфтанд ва саҳифаҳои нав ба нави таъриху фарҳанги миллатамон барои халқу миллат боз гардид.
Маъмурият