Home АхборотМизи мудаввар доир ба самтҳои афзалиятноки таъмини вазифаҳое, ки аз «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бармеоянд
Мизи мудаввар доир ба самтҳои афзалиятноки таъмини вазифаҳое, ки аз «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бармеоянд

Мизи мудаввар доир ба самтҳои афзалиятноки таъмини вазифаҳое, ки аз «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бармеоянд

Коррупсия  яке  аз  зуҳуроти  номатлуби ҷомеа буда,  дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин  ва  яке  аз унсурҳои  таҳдидкунанда  ба амнияти  миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Бинобар ин дар доираи Наќшаи чорабинињои дохилиидоравии Муассисаи давлатии «ТољикНИИГиМ»-и Вазорати энергетика ва захирањои оби Љумњурии Тоҷикистон доир ба иљрои вазифањои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия ва муттаҳид сохтани саъю кўшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва ҷомеа, ба муборизаи зиддикорррупсионӣ, ҷалб намудани кормандони илмӣ ба одобу ахлоқ ва амалҳои зиддикоррупсионӣ мизи мудаввар гузаронида шуд. Дар он маърўзачии асосӣ, ҳуқуқшиноси муассиса Шоназаров Ҷ. доир ба амалӣ намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ, пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар муассиса ва зерсохторҳои он маърўза намуд. 

Раёсати муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ» ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои сарвари давлат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муќовимат ба коррупсия тамоми имкониятњоро равона намуда истодааст.

Leave a Reply