6 марти соли 2024 бо ташаббуси факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзўи «Идоракунии устувори захираҳои обӣ – асоси ҳалли ноил шудан ба ҳадафи стратегии амнияти ғизоӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» бахшида ба Рўзи ҷаҳонии об баргузор гардид, ки дар кори он олимону кормандони Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ» иштирок ва бо маърўзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар конференсия роњбарони муассиса – директори генералӣ, н.и.и Умаров Д.М., муовини директори генералӣ оид ба илм, н.и.т. Ҷабборов П.Н., сарходими илмӣ профессор Носиров Н.Қ., мушовири илмӣ, профессор Пўлотов Я.Э., мудирони шуъбањо Олимов Қ.З., Маҳмаюсуфзода И., ходимони илмӣ Аюбзода А., Шокирова Л., Исохонов О. ва дигарон иштирок намуданд.
Дар рафти конференсия Пўлотов Я.Э. дар ҷаласаи пленарӣ ва н.и.т. Ҷабборов П.Н. дар ҷаласаи сексионӣ бо маърўзаҳои пурмазмуни илмӣ баромад намуданд.