Home АхборотҲуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ оид ба об
Ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ оид ба об

Ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ оид ба об

Санаи 24 ноябри соли 2023 бо ташаббуси Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ” (Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия)-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ оид ба об” баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро директори генералии Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ”, номзади илмҳои иқтисодӣ Д. М. Умаров ҳусни оғоз бахшида, гузаронидани тренингро барои азхуд намудани донишҳои ҳуқуқӣ оид ба истифода ва муҳофизати об зарур шумориданд ва иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, онҳоро бо барномаи тренинг шинос намуданд.

Ба ҳайси тренер Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович – мудири шуъбаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи оби Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ”, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ баромад намуд.

Дар ин тренинги омӯзишӣ масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд: мафҳум, сарчашмаҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалии об: мафҳум, сарчашмаҳо ва принсипҳо, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии амалкунанда дар соҳаи об, ҳамкории байналмилалӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, мафҳум, предмети омӯзиш ва сарчашмаҳои ҳуқуқи миллии об, сиёсати оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти соҳаи об, ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон кардани қонунгузории об.

Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён оид ба мавзӯи баррасишаванда тестҳо ва кроссвордҳо пур карданд.

Leave a Reply