Коррупсия – ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробаркардашуда мебошад, ки мақоми мансабӣ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари он қонунҳои пешбинишуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва ё ҳавасмандгардонии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор ба манфиати худ ё шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд.
Маҳз наандешидани чораҳои саривақтӣ ва таъхирнопазир барои пешгирӣ ва решакан намудани коррупсия, таъсири он ба раванди рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсири манфӣ расонида, пастравии боварии шаҳрвандон ба институтҳои давлатию демократиро ба миён меорад. Бинобар ин, роҳбарияти сиёсии кишвар аз рўзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ва ноил шудан ба соҳибихтиёрӣ ба масъалаи мубориза бар зидди коррупсия, пеш аз ҳама, решакан намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.
Аз ҷумла, Фармони Президенти ҷумҳурии Точикистон дар бораи тасдиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад. Стратегияи мазкур ҳуҷҷати барномавист, ки дар он вазифаҳои вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирии коррупсия ва роҳҳои мубориза бо коррупсия ба тариқи мушаххас муайян карда шудаанд.
Аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мақомотҳо ва махсусан Президенти мамлакат барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешиданд.
қонуни нави ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» 7 августи соли 2020, таҳти № 1714 қабул гардид ва меъёрҳои он ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ гардонида шудаанд.
Қонуни мазкур ва барномаҳои ҷойдошта низ зуҳуроти коррупсионӣ дар соҳаи энергетикаю захираҳои об ва тадбирҳои андешидашудаи муқовимат ба он, ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои барнома, ташвиқу тарғиби сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ, механизмҳои амалисозии таъмини молиявӣ ва натиҷаҳои мунтазираи барномаро фаро мегирад.
Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ» ҳамчун зерсохтори Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи захираҳои об фаъолияташро идома дода, ба хотири дастгирӣ ва татбиқи амалии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҷумҳурииТоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва марҳилаи якуми он барои солҳои 2021-2025 Барномаи мазкурро доир ба чораҳои ташкилӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии мубориза бо коррупсия таҳти иҷроиш қарор додааст, ки он бо чунин самтҳо татбиқ шуда истодааст:
- бо мақсади бартараф кардани зуҳуроти коррупсионӣ гузаронидани таҳлили хатарҳои эҳтимолии коррупсионӣ;
-таҳияи тадбирҳо оид ба таъмини шаффофияти фаъолияти шахсони масъул; - гузаронидани таҳлили интихоби хавфи коррупсия дар соҳаҳои идоракунии давлатии дорои эҳтимолияти афзоиши хавфи коррупсия;
- пешгирии коррупсия дар байни кормандони давлатӣ;
- таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ.
Яке аз омилҳои асосии мубориза бо коррупсия ин пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ мебошад. Дар самти пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ натиҷаи дилхоҳ ва ҳадафрасро тавассути ташвиқу тарғиби сиёсати зиддикорупсионии давлат ба даст овардан мумкин аст.
Дар ин замина аз ҷониби МД «ТоҷикНИИГиМ»-и Вазорати энергетика ва захираҳои об ва зерсохторҳои алоқаманди он бояд амалҳо зерин иҷро карда шаванд: - мусоидат намудан ҷиҳати амалӣ шудани ҳуқуқи шаҳрвандону ташкилотҳо, барои дастрасӣ ба воситаи ахбори омма, паҳн намудани далелҳои коррупсия ва омилҳои онро бавуҷудоваранда;
- ба роҳ мондани ҳамкории устувор ва доимӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар раванди мубориза бо коррупсия.
ҳоло раёсат ва масълини МД “ТоҷикНИИГиМ” дар иҷрои 8 банди дахлдори Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионии муассиса барои соли 2023 доир ба амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҷумҳурии Тоҷикстон барои давраи то соли 2030» фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, онҳоро зина ба зина таъмин намуда истодаанд.
Баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди коррупсия, ташаккул додани маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон, кам намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини шаффофият, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум дар мубориза бо коррупсия, иштироки фаъоли шаҳрвандон дар мубориза бо коррупсия ва фароҳам овардани фазои оммавии зиддикорупсионӣ, бартараф намудани сабаб ва шароитҳои мусоидаткунандаи коррупсия, андешидани тадбирҳои татбиқи ҳуқуқ ва чораҳои пешгирӣ ва ошкор намудани кирдорҳои коррупсионӣ дар сохтори МД «ТоҷикНИИГиМ» ба роҳ монда шудааст.
Директори генералӣ Дилшод Умаров