Таърихи 22-24 марти соли 2023 дар ш. Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Шоҳигарии Нидерландия конфронси байналмилалии оби СММ баргузор гардид. Дар конфронси СММ 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк муҳокимаи яке аз проблемаҳои муҳимтарини ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла озуқаворӣ, тандурустӣ, иқлим, табиат, маданият ва иқтисодиёти мамалакатҳо матраҳ гардид. Об дар ҳақиқат манбаи тамоми ҳаёт дар сайёра аст. Бинобар он, ин ганҷинаи ногузир қодир аст, ҳамаи оламро муттаҳид намояд. Инчунин дар чорабинии мазкур тарзи фаҳмидани самаранокии об, арзиш ва идоракунии об аз ҳамаи ҷонибҳо матраҳ гардид. Ширкаткунандагон доир ба дидгоҳи нави об, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос менамояд ва ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза мусоидат менамояд, суханрониҳо намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия ҳамчун мизбонони конфронси мазкур бо ҳамагон дар марҳилаҳо ҳамкории судманд намуданд. Инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои набототу кӯҳу пиряхҳо ва рӯдхонаҳои пуроб дар кишвари зебоманзари Тоҷикистон дарёву ҳавзаҳоро баррасӣ намуданд. Об бузургтарин нерӯи олам аст, ки қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид мекунад, ки собитгари он ҷамъомади мазкур буд.
Дар кори конфронс намояндагон аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ва дигар вазорату ташкилотҳои бонуфузи ватании Тоҷикистон ширкат намуданд. Аз ҷониби Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии муассиса Умаров Дилшод Мирзовалиевич ширкат намуда, дар чорабинии мазкур дар бахшҳои иқтисоди идоракунии об ва самаранокии истифодашавии он дар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маърӯза намуданд.