Home АхборотБунёди ҳавзҳои иноватсионӣ тавассути геомембранна
Бунёди ҳавзҳои иноватсионӣ тавассути геомембранна

Бунёди ҳавзҳои иноватсионӣ тавассути геомембранна

Соли сипаришуда  аз тарафи олимони МД «ТоҷикНИИГиМ» дар мисоли хоҷагии деҳқонии «Абдуллоҷон» дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ аввалин бор усусли истифода ва насби геомембрана дар ҳавзи иқтидораш 1000м3  яъне обанбори хурд сохта ба истифода дода шуд. Геомембрана технологияи инноватсионии дар соҳаи об ва усули нави ҷаъоварии об барои обёрӣ буда, филтршавии обро пешгирӣ менамояд ва хароҷоти кори пойгоҳҳои обкаширо сарфа мекунад. Бо тавсияҳои олимони МД “ТоҷикНИИГиМ” дар ноҳияи Ҷайҳун ҳавз-обанбор бо иқтидори 4000м3 сохта ба истифода дода шуд. Инчунин дар мисоли Вилояти худмухтори Бадахшон, ноҳияи Ишкошим ҳавз – обанбор бо истифодаи геомембранна сохта ба истифода дода шуд. Геомембранна чӣ манфиат дорад? Ва чаро онро бояд татбиқ намуд? Он то 30% материалҳои гидроизолятсиониро сарфа мекунад, то 25% оид ба сохтани гидроизолятсияҳои анъанавӣ нерӯи корӣ сарфа мешавад, бо сабаби он, ки коркарди католикӣ дорад, зичӣ ва устувории баланд дорад ва дуру дароз мавриди истифода қарор гирифта мешавад. Камшавии об, талафоти об ва ин гуна ҳолатҳоро пешгирӣ мекунад. Маводе, ки аз он геомембранна сохта мешавад на фақат полеителен балки композит низ ҳаст, ки иловаҳои он намегузоранд ба он нурҳои офтоб таъсири бад расонанд ва то ҳадде онро сардипазир мекунад. Яъне геомембранна дар ҳарорати -65 ва +75 тобовар аст ва хусусиятҳои худро гум намекунад. Мӯҳлати истифодаи геомембраннаи сифатан хуб аз 50 сол ҳам зиёдтар аст ва барои истифодаи обёрии қатрагӣ ниҳоят муфид аст.

Leave a Reply