Раёсати Муассисаи давлатии “Институти илмию тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон” (МД “ТоҷикНИИГиМ”) 21 – уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор (2018-2028)” конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзўи “Аҳамияти илмии татбиқи усулҳои гуногуни инноватсионии обёрӣ бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои обу замин дар Тоҷикистон” баргузор менамояд. Чорабинии мазкур дар асоси мактуби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №26/10-180 аз 15.04.2022с. қисми 185 ва банди 3/1 Нақшаи чорабиниҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ба нақша гирифташуда, ҳадафи он баррасии муҳиммияти идоракунӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ, таъмини рушди устувори он дар ҳамаи бахшҳои обистифодабаранда ва татбиқи усулҳои гуногуни инноватисонии обёрӣ ба ҳисоб меравад
