Home АхборотКоррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва таъсири манфии он ба рушди иқтисодии мамлакат
Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва таъсири манфии он ба рушди иқтисодии мамлакат

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва таъсири манфии он ба рушди иқтисодии мамлакат

Коррупсия дар шароити ҳозира яке аз масъалаҳои доғи рўзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Гирифтани пора – яке аз шаклҳои зоҳиршавии коррупсия мебошад.

Чунончӣ, дар Паёми гузаштаашон ба Маҷлиси Олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохторҳову мақомоти давлатӣ мебошад.

Мубориза бо ин падидаи иҷтимоии негативӣ дар мадди назари сарвари давлату ҳукумати кишварамон қарор дошта, бо тарзу усулҳои гуногун пурзўр мешавад. Гирифтани пора яке аз ҷиноятҳои хавфноктарини муқобили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, обрўву нуфузи давлатро коҳиш медиҳад. Тавассути васоити ахбори омма маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба дастгир намудани мақомоти мухталифи давлатӣ бинобар порагирӣ зиёд ба назар мерасанд. Хусусияти барои ҷамъият хавфноки гирифтани пора дар он аст, ки дорои латентнокии баланд мебошад, яъне ин ҷиноят нисбати содиршавиаш камтар дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта мешавад, зоҳир нашуда мемонад, зеро дар асл ҳам порадиҳанда ва ҳам порагиранда кўшиш мекунанд, ки ин кирдор пинҳонӣ содир шавад ва сирри байни тарафҳо боқӣ монад. Аз ин ҷо бармеояд, ки тарафҳо барои ошкор гардидани кирдорҳои пинҳониашон ҳавасманд намебошанд.

Сабабҳои порагириро аксари аҳолӣ чунин меҳисобанд:

-маоши ками мансабдорон;

-маҳалгароӣ ва муносибатҳои хешутаборӣ;

-дараҷаи озод будан дар қабули қарорҳо;

-аксар вақт бе ҷазо мондани мансабдорон;

-паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии мансабдорон;

-бўҳрон  иқтисодиву иҷтимоӣ.

Кирдорҳои коррупсионӣ ба навъҳои зерин ҷудо мешаванд:

а) ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд;

б) ҳуқуқвайронкуниҳои интизомии шароитфароҳамоваранда ба коррупсия;

в) ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта;

г) ҳуқуқвайронкуниҳои граждании ба коррупсия алоқаманд.

Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, кирдорҳои дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидае ба ҳисоб мераванд, ки аз тарафи шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва бо онҳо баробаркардашуда бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ ва бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудаанд ё ба ғайриқонунӣ пешниҳод намудани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар ба онҳо вобастаанд.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр шаклҳои зоҳиршавии кирдорҳои коррупсиониро фаро гирад ҳам, фасли махсуси ба ҷиноятҳои коррупсионӣ бахшидашуда мавҷуд нест, ин ҷиноятҳо дар таркиби фаслу бобҳои гуногун оварда шудаанд. Чунончӣ, дар сурати аз ҷониби шахси мансабдори давлатӣ гирифтани мукофот ё хизмати ғайриқонунӣ чунин кирдор ҳамчун “гирифтани пора” баҳо дода мешавад. Пешниҳоди мукофот ё хизматрасонии ғайриқонунӣ ба шахси мансабдори давлатӣ ҳамчун “додани пора” эътироф карда дода мешавад. Бо роҳи тамаъҷўӣ гирифтани ҳамин гуна мукофот ё хизмат аз ҷониби хизматчие, ки шахси мансабдор намебошад, ҳамчун “гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ” ҳисобида мешавад. Додани ҳамин гуна мукофот ё хизматрасонӣ ба хизматчие, ки шахси мансабдор намебошад, ҳамчун “додани мукофот ба хизматчӣ” ҳисобида мешавад. Гирифтани мукофот ё хизматрасонии ғайриқонунӣ аз ҷониби шахси мансабдори ташкилоти тиҷоратӣ, инчунин ба чунин шахс додани мукофот ё хизматрасонии ғайриқонунӣ ба чунин шахс ҳамчун “ришвадиҳии тиҷоратӣ” арзёбӣ мегардад.

Leave a Reply