Home АхборотРӯзи саҳро “Усулҳои муайян намудани суръат ва сарфи об”
Рӯзи саҳро “Усулҳои муайян намудани суръат ва сарфи об”

Рӯзи саҳро “Усулҳои муайян намудани суръат ва сарфи об”

Санаи 01 декабри соли 2021 бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор (2018-2028)” раёсати Муассисаи давлатии “Институти илмию тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон” (МД “ТоҷикНИИГиМ”) бо мақсади баланд бардоштани малакаи тахассусии кормандони Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба системаҳои муосири обченкунӣ дар мавзӯи “Усулҳои муайян намудани суръат ва сарфи об” дарМаркази илмӣ-таҳқиқотии Ҳисор Рӯзи саҳро баргузор намуд. Чорабинии мазкур дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025, Наќшаи чорабиниҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, банди 3, қисми 2, аз 01 июли соли 2021 тасдиқ гардидааст, ба нақша гирифта шуда, ҳадафи он баррасии муҳиммияти идоракунӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ, таъмини рушди устувори он дар бахшҳои обистифодабаранда ва такмили савияи дониши мутахассисону хоҷагидорон ба ҳисоб меравад.

/** * The template for displaying comments * * This is the template that displays the area of the page that contains both the current comments * and the comment form. * * @link https://developer.wordpress.org/themes/basics/template-hierarchy/ * * @package buzmag */ /* * If the current post is protected by a password and * the visitor has not yet entered the password we will * return early without loading the comments. */ if ( post_password_required() ) { return; } ?>

Leave a Reply