Home АхборотСеминари илмию амалии Ҷумҳуриявӣ
Семинари илмию амалии Ҷумҳуриявӣ

Семинари илмию амалии Ҷумҳуриявӣ

Дар мавзўи «Идоракунии захираҳои об: муаммоҳо ва роҳҳои рушди устувор барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҳикистон»

бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (сс.2018-2028),

06 октябри соли 2021, шаҳри Душанбе

06 октябри соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон» (МД «ТоҷикНИИГиМ») семинари илмию амалии Ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Идоракунии захираҳои об: муаммоҳо ва роҳҳои рушди устувор барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (сс.2018-2028), иборат аз якчанд бахшҳо баргузор мешавад, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ва дигар ташкилоту идораҳо барои иштирок даъват шуданд.

Ҳадафи баргузории семинарии мазкур ин баррасии муҳиммияти идоракунӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ, таъмини рушди устувори он дар ҳамаи бахшҳои обистифодабаранда, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз нигоҳи олимону мутахассисон ва ба даст овардани амнияти озуқавории мамлакат ба ҳисоб меравад.

Семинари мазкур дар радифи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва Қатъномаи ба тасвибрасидаи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар таърихи 16.12.2016 с. қабул гардидааст, инчунин доир ба ташаббуси нави сарвари давлатамон – эълон гардидани соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Leave a Reply