Home АхборотСеминари ҷумҳуриявии илмию амалӣ
Семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ

Семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ

Моҳи сентябри соли 2021 дар МД “ТоҷикНИИГиМ” семинари ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи “Идоракунии захираҳои об: муаммоҳои рушди устувор барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон” баргузор мегардад.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:

– идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳифзи муҳит, геоэкология ва хатарҳои геоэкологӣ;

– комёбиҳои илм дар соҳаи об барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат;

– технологияҳои муосири истифодаи оқилонаи нафту газ ва барқ дар соҳаи энергетика;

– ишноотҳои гидротехникӣ, бехатарӣ ва ҳолати истифодабарии онҳо;

– беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда;

– иқтисодиёти хоҷагии об;

– технологияҳои инноватсионӣ барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок;

– технологияҳои захиракунандаи нерў;

– технологияҳои муосири обёрии зироатҳои кишоварзӣ;

– истифодаи оқилонаи чорабиниҳои агротехникӣ барои баланд бардоштани ҳосилхезии хок.

Чорабинии мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз 27.03.с.2021, таҳти №88 тасдиқ шудааст.

/** * The template for displaying comments * * This is the template that displays the area of the page that contains both the current comments * and the comment form. * * @link https://developer.wordpress.org/themes/basics/template-hierarchy/ * * @package buzmag */ /* * If the current post is protected by a password and * the visitor has not yet entered the password we will * return early without loading the comments. */ if ( post_password_required() ) { return; } ?>

Leave a Reply