30 июни соли 2021, соати 10-00 дар МД “ТоҷикНИИГиМ” мизи мудаввар дар мавзўи “Самтҳои афзалиятноки ноил шудан ба бехатарии обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ” баргузор мегардад, ки дар кори он иштироки зиёда аз 30 нафар, аз ҷумла намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин намояндагони дигар вазорату идораҳо дар назар аст.
Чорабинии мазкур ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.