Самтҳои асосии таҳқиқоти шуъба:
Дар айни замон, шуъба бо масъалаҳои зерин машғул аст:
– рушди робитаҳои кооперативӣ барои татбиқи технологияҳои каммасрафи об ва воситаҳои техникӣ барои таъмини истифодаи самараноки системаҳои обёрӣ ва истифодаи об;
– таҳияи принсипҳои илмӣ ва амалии барқарорсозии системаҳои обёрӣ ва заҳкашу заҳбурҳо, ки ҳамчун ҳуҷҷати меъёрӣ барои хароҷоти ҳадди ақали барқарорсозии муҳити зист, инчунин гузариш ба усулҳои прогрессивии идоракунӣ, ба монанди Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об (ИҲЗО), барои минтақаи гидрографӣ, ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Барои ин вазифаҳои зеринро ҳал гардиданд:
• Гузаронидани баҳисобгири ҳолати техникии ҳамаи иншооти гидротехникӣ дар ҳавзаи Канали Калони Ҳисор;
• Умумигардонии таҷрибаи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои гузариши системаҳои обёрӣ ба принсипҳои ИҲЗО;
• Гузариш ба усули идоракунии гидрографии Канали Калони Ҳисор, ҳамчун заминаи гузариш ба принсипҳои ИҲЗО;
Самтҳои асосии таҳқиқоти шӯъба:
– таҳияи қоидаҳои асосии муъёрӣ-техникии истифодабарӣ ва нигоҳдории шабакаҳои обёрӣ;
– асосҳои техникиву иқтисодии чорабиниҳои мелиоративӣ ҷиҳати таҷдиди системаҳои обёрӣ таҳия карда шуд;
– технологияи таҳкими таҳкурсии иншооти гидротехникӣ дар заминҳои хокашон ноустувор, ки ба баландбардории эътимоднокии иншооти гидротехникӣ ва системаҳои обёрӣ имкон медиҳад, таҳия гардид;
– дар асоси натиҷаҳои омӯзиши масъалаҳои истифодаи системаҳои обёрӣ дар шароити истифодаи пулакии об, тавсияҳои дахлдор таҳия карда шуданд (2006-2010);
– асосҳои илмӣ ва амалии барқарорсозии системаҳои обёрӣ таҳия карда шуданд (дар мисоли Канали Калони Ҳисор) (2011-2015);