Аз 20 то 22 феврали соли 2018 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, тренинг дар мавзӯи “ИҲЗО ва банақшагирии ҳавзаҳо” баргузор гардид, ки он ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 ва ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 бахшида шуда.
Ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии ИҲЗО инҳо:
• Шиносоии шунавандагон бо методология ва амалияи идоракунии маҷмӯии захираҳои об, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи идоракунӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об.
• Баланд бардоштани сатҳи дониш оид ба идоракунии маҷмӯии захираҳои об мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва давлатӣ;
• Рушди салоҳиятҳо барои қабули қарор дар тамоми сатҳҳои системаи идоракунии захираҳои об оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об;
• Мусоидат ба ташаккули фаҳмиши иштирокчиён дар бораи раванди идоракунии маҷмӯӣ, рушди устувор ва банақшагирии фаъолияти идоракунии об ҳамчун асоси рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳавзаи Сирдарё.