Home АхборотТоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҳаҷми захираҳои об ҷои аввалро ишғол мекунад
Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҳаҷми захираҳои об ҷои аввалро ишғол  мекунад

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҳаҷми захираҳои об ҷои аввалро ишғол мекунад

Захираҳои оби Тоҷикистон асосан аз ҳисоби обшавии пиряхҳо ва боришоти атмосфера ташаккул меёбанд. Дар маҷмӯъ, пиряхҳо ва майдонҳои барфии Тоҷикистон то 500 метри мукааб об доранд. Аксари онҳо дар ҳавзаҳои дарёҳои Обихингу, Ғунт, Муксу, дар қисмати баландкӯҳи ҷумҳурӣ ҷойгиранд. Калонтаринашон пиряхҳои Федченко ва Грумм-Гржимайло мебошанд.

Қисмати Ғиарби Тоҷикистон аз дарёҳо ва обанборҳо бой аст – дар кишвар тақрибан шашсад дарё мавҷуд аст Захираи энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон хеле калон аст. Дарёҳои Вахш ва Панҷ, обанбори Норак ва кӯли Искандаркӯл нерӯи азим доранд.

Пиряхҳо ва майдонҳои фирн тақрибан 6 фоизи ҳудуди кишварро ишғол мекунанд. Дар зиёда аз 1300 кӯл 44 километри мукааб об мавҷуд аст.

Аксари дарёҳои Тоҷикистон манбаи асосӣ ва баъзан ягона оби нӯшокии мебошанд, ки деҳаю шаҳрҳо асосан дар канори дарёҳо, водиҳо ҷойгиранд.

Leave a Reply