Home АхборотТаъсири тағирёбии иқлим ба захираҳои оби ҳавзаи дарёи Панҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таъсири тағирёбии иқлим ба захираҳои оби ҳавзаи дарёи Панҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсири тағирёбии иқлим ба захираҳои оби ҳавзаи дарёи Панҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Ҳалли бунёдии мушкилоти камбуди об ва рафъи хатарҳои марбут ба тағирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар рушди гидроэнергетика бо обанборҳои якҷоя бо ҳамкории ҷонибҳои манфиатдор дида мешавад.” Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аннотатсия

Тоҷикистон кишвари осебпазиртарини Осиёи Марказӣ ба таъсири номатлуби тағирёбии иқлим ба ҳисоб меравад. Манотиқи муҳим ба мисли ҳавзаи дарёи Панҷ, тӯли солҳои охир аллакай аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла обхезӣ, ярч ва хушксолӣ хисороти зиёд мебинанд. Хушксолии солҳои охир ва обу ҳавои номусоид норасоиҳои назаррасро дар аксари соҳаҳо нишон дод: масалан, заиф шудани инфрасохтори обёрӣ ҷиҳати истеҳсолоти кишоварзӣ аз сабаби талафоти об, самаранокии пасти обёрӣ, обхезӣ, шӯршавии хок ва кам шудани ҳосил. Рӯйдодҳои иқлим нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон то соли 2050 ҳарорат то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд ва миқдори миёнаи боришот коҳиш хоҳад ёфт. Мусалламан баландшавии ҳарорат ба об шудани пиряхҳо оварда мерасонад, ки эҳтимол аст то соли 2050 30% массаи системаҳои пиряхҳо нопадид шаванд.

Калимаҳои асосӣ: таъсири тағирёбии иқлим, ҳавзаи дарёи Панҷ, офатҳои табиӣ, обхезӣ, ярчҳо, хушксолӣ, пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ, инфрасохтори обёрӣ, боришот, катаклизмҳои иқлимӣ, норасоии об.

Дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор пиряхҳои хурду калон мавҷуданд, ки ҳаҷми онҳо беш аз 850 километри мукааб мебошад. Калонтарин пирях ин Федченко мебошад, ки 76 километр дарозӣ дорад ва ҳаҷми умумии он 144 километри мукааб аст. Пиряхи Федченко танзимгари обнокии дарёи Вахш ва нишондиҳандаи ҳолати иқлимии Осиёи Марказист. Масоҳати умумии ҳамаи пиряхҳои кишвар 6 фоизи масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар тӯли 40-50 соли охир зиёда аз ҳазор пиряхҳои ҷумҳурӣ зери таъсири гармии иқлим об шуданд, баъзе пиряхҳои хурд комилан аз байн рафтанд. Бо афзоиши ҳарорати миёнаи ҳаво то соли 2050 аз 1,8 то 2,5 дараҷа, тамоюли обшавии пиряхҳо суръат ёфта, шумораи пиряхҳо нисф кам мешавад.

Бояд қайд кард, ки қисми муҳими захираҳои оби Осиёи Марказӣ маҳз дар пиряхҳои Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ҳамин тариқ, об шудан ва нопадид шудани пиряхҳо дар кишвар барои тамоми минтақа дар маҷмӯъ хатари азим дорад.

Ҷараёни максималии мавсимӣ об эҳтимолан аз аввали баҳор ба охири зимистон рост меояд. Дар натиҷаи ин тағирот, оқибатҳои назарраси дастрасии об барои истеъмоли инсон, обёрӣ ва истеҳсоли гидроэнергетика дар назар аст. Аз ҷумла, баланд шудани ҳарорат ба зиёд шудани бухоршавӣ ва камобии об дар тобистон оварда мерасонад. Таъсири номатлуби тағирёбии иқлимро қисми аҳолӣ (солмандон ва шахсони гирифтории маъюбидошта) эҳсос хоҳанд кард, аз он ҷумла нафароне, ки дар деҳот умр ба сар мебаранд, ки наздики 75%-и онҳоро камбизоатон ташкил медиҳанд. Эҳтимол аст, ки офатҳои иқлимӣ метавонанд фоизи зиёди аҳолиро ба камбизоатии шадид мувоҷеҳ гардонанд. Тағирёбии иқлим дар навбати худ мушкилоти мавҷудаи амнияти озуқавиро зиёд ва ба онҳое, ки ба кишоварзӣ вобастаанд, таъсири манфӣ мерасонад. Мушоҳидаҳои нишон доданд, ки занон ва кӯдакон, ки шумораи зиёди аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ба таъсири тағирёбии иқлим дар Тоҷикистон осебпазиранд. Онҳо аксар вақт ба масъалаҳои истифодаи бехатари об, омода намудани хӯрок, тарзи дурусти дастрас ва истифода сӯзишворӣ барои пухтупаз ва гармидиҳӣ дар деҳоти Тоҷикистонро ӯҳдадоранд. Ҳамин тариқ, барои мавҷудияти худ ва беҳзистӣ онҳо аз захираҳои табиӣ вобастаанд, ки тағирёбии иқлим онҳоро фарогир аст.

Дарёи Панҷ байни Афғонистон ва Тоҷикистон марзи байналмилалӣ дорад. Масоҳати ҳавзаи дарё тақрибан 107,000 километри мураббаъро ташкил медиҳад (аз он ҷумла 40% дар Афғонистон ва 60% дар Тоҷикистон) дар шароити кӯҳӣ, дар масофаи поёноб бо масоҳати тақрибан 6,500 километри мураббаъ тул мекашад. Дарозии дарёи Панҷ қабл аз резиши он ба дарёи Ому ва омезиш бо дарёи Вахш тақрибан 1000 км мебошад. Дарёҳои Бартанг, Гунт ва Ванҷ (ҳавзаи дарозиашон 2070 км2 ва 92 км), Язғулом ва Қизилсу яке аз шохобҳои калонтарини рости дарёи Панҷ ба шумор мераванд, инчунин дарёҳои Чордара, Хумбоб ва Яхсу ба дарёи Панҷ ҳамроҳ мешаванд.




Расми 1: Кӯли Сарез ва шохобҳои ҳавзаи дарёи Панҷ.

Масоҳати ҳавзаи дарёи Язғулом 1970 км2 ва дарозии он 80 км мебошад. Дарозии дарёи Бартанг 558 км, минтақаи ҳавзааш 24700 км2, дарозии дарёи Гунт 296 км ва ҳавзаи он 13700 км2 мебошад. Он аз ҷиҳати ҳам масоҳат ва ҳам дарозӣ бузургтарин шохоби дарёи Панҷ ба шумор меравад. Мувофиқи ҷараёни ҷорӣ калонтарин шохоби рости дарёи Панҷ дарёи Қизилсу мебошад, ки дарозии он 230 км ва масоҳаташ 8630 км2 мебошад. Аз ин ҳавза минтақаи минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Панҷ бо оби обёрӣ таъмин карда мешаванд.

Шабакаи коллекторӣ-дренажии ҳавзаи дарёи Қизилсу (ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Кӯлоб) асосан дар сатҳи дарё ҷойгир буда, аз ҳаҷми оби тозае, ки аз дарёҳои Панҷ, Қизилсу, Яхсу ворид мешаванд иборат аст. Дарёи Кофирниҳон инчунин аз масири тақсимоти аз самти шимол ба ҷануби водии Қабодиён ба дарёи Панҷ ҳамроҳ мешавад.

Ҷадвали 1.

ИСТИФОДАБАРИИ ОБ ВА МИҚДОРИ ЗАМИНҲОИ ОБЁРИШАВАНДА

БАРОИ СОЛИ 2019

Номгуй ҳавза ва дарёҳоНомгуй шаҳр ва ноҳияҳоҲаҷми об, млн. м3Майдонҳои оби, га
Дарёи Панҷн. Пяндж282,615061
д. Панҷн. Хамадонӣ13616430
н. Фархор252,424632
д. Панҷ д. Бартанг д. Ғунт д. Хумбов д. Шохдаран. Дарвоз12,1993
н. Ванҷ24,52577
н. Рӯшон25,42024
р. Шуғнон14,23525
р. Ишкошим32,64472
г. Хоруғ6,4297
н. Мурғоб32036
н. Рошткалъа202846

Дарёи Панҷ миқдори зиёди таҳшинҳо дорад ва тахминан, ҳар сол ба системаи обёрии Чубек тақрибан 750,000 м3 таҳшин ҷорӣ мешавад, ки барои тозакунии канали Чубек ва шабакаи обёрӣ маблағи зиёд лозимро тақозо менамояд. Кисми обовардҳо бо ёрии иншооти обтанзимкунанда шлюз ба дарёи Панҷ аз канали асосии Чубек, ба воситаи канали обпарто, ки баландиаш 60 см мебошад, ворид мешаванд. Қисми асосии таҳшин, ки тақрибан 84% ташкил медиҳад дар мудати се моҳи баҳор июн, июли ва август ба шабақаҳои обёрии канали Чубек ҷорӣ мешавад. Хушбахтона шароити гидрологӣ ва чойгиршавии иншоотҳо барои сохтмони ҳавзи обтаҳшинкунанда дар саргаҳи канали Чубек мувофиқат мекунад.

Ҳолати бади сабти ҷараён ва таҳшинҳо ба чунин омилҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад, аз қабили:

  • Сараввал ба талабот ҷавобгӯ набудани шабакаҳои обёрӣ, ки бешубҳа аз паст будани маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, нодурст исифодабарии заминҳо обӣ, ҳосилнокии пасти зироатҳо, норасоии оби полезӣ далолат мекунад, бармеояд. Дар оянда талаботи оби обёрӣ ба зироатҳои киштшаванда на дар асоси таҷриба, балки мувофиқи омилҳои агроиқлимии замон маълум карда шавад.
  • Дуюм, самаранокии обёрӣ нишондиҳандаи муҳим барои ҳисоб кардани эҳтиёҷоти оянда барои обёрӣ мебошад. Дар ҷараёни тадқиқот барои баҳодиҳии самаранокии обёрӣ аз маълумоти санҷиши фосилавӣ истифода бурда шуд. Гарчанде, ки ин усул ҳисоби дақиқи истифодаии умумии обро таъмин мекунад, аммо маълумоти воқеии барои чен карани сатҳи самаранокӣ талаб карда мешавад ва эътимотнокии сатҳи обёрӣ аз мушоҳидаҳои гидрологӣ беҳтар нахоҳад буд.
  • Сеюм, барои чен кардани ҷараёни об ва таҳшинҳо зарурияти ба кор андохтани механизми мустаҳкам ва муҷаҳҳази институтсионалӣ ҷиҳати омӯзонидани мутахассисон ва коргарони ботаҷриба барои мунтазам мушоҳида кардан, таҳлил ва сабти маълумоти мушоҳидавӣ омода кардан лозим. Барои ба даст овардани таҷҳизоти дахлдори саҳроӣ барои назорат кардани партоби об ва таҳшинҳо дар ҳавза, ташкили лабораторияҳо барои таҳлили намунаҳои таҳшинҳо ва тайёр кардани кадрҳои мувофиқ бояд захираҳои кофӣ ҷудо кара шаванд.

Захираҳои кишоварзӣ.

Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ камбуди тухмиҳои хушсифат, нуриҳои пеститсид вуҷуд надошт. Айни замон набудани тухмиҳои босифат ва балад будани нарх кишоварзон ва деҳқононро ба мушкилот рӯ ба рӯ намудааст. Таҳлилҳо маълум сохтанд, ки имрӯзҳо тухмиҳои гандуми воридшаванда бениҳоят паст буда, дар таркибаш то 20-30% ифлоси дорад бинобар ин сифати тухмиҳо бояд хеле баланд бошанд. Навъҳои тухмиҳои дастрастшуда сол аз сол фарқ мекунанд ва шояд барои минтақаи киштшаванда мувофиқат накунанд. Ҳарчанд тухмиҳо бо шаҳодатномаи сифатнокӣ расмӣ ворид карда мешаваанд. Дар замони Шӯравӣ ду корхона ҳама намуд нуриҳои минералиро аз хориҷ бо сифати баланд ворид мекард. Ҳоло аз арзиш ва сифати нӯриҳои воридотӣ шикоятҳои зиёде мавҷуд буда, шумораи ками деҳқонон барои пардохти нӯриҳо ё таҷҳизот имконот доранд.

Ҳар як ҷамоат дар ҳайати кормандони худ агроном дорад. Ҳарчанд ин хуб аст, аммо зимнан бояд агрономҳоро ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб намуда, савияи дониши онҳоро баланд намуд, то ин ки эшон дар оянда бо деҳқонон маслиҳат дода тавонанд.

Талаботи об.

Зироатҳои гуногун вобаста аз вақти кишт ва то ҷамъоварӣ ҳосил миқдори гуногуни обро талаб мекунанд ва талабот ба об барои сабзавоти зимистонӣ нисбатан сабзавоти  тобистона 1/3 тақрибан камтар аст, тақрибан 1/3. Барои беҳтар кардани идоракунии хоҷагиҳо ва самаранок истифодабарии об дар минтақаи ҳавзаи дарёи Панҷ бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии кишоварзӣ ва даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, корҳои зеринро ба анҷом расонидан лозим:

• Тавассути қитаъи намоишӣ, паҳн намудани як қатор усулҳои агротехникӣ, технологияҳои кишоварзӣ ва усулҳои идоракунии об дар хоҷагӣ ҷиҳати истифода бурдани самараноки об ва баланд бардоштани зариби истифодабарии об;

• Ҷорӣ намудани парвариш тухмиҳои зироатҳо дар хоҷагиҳои маҳаллӣ ва аз онҳо омода намудани тухмии баландсифати навъҳои беҳтаршудаи гандум, пахта, сабзавот ва дигар зироатҳои муҳим барои ҳоҷагиҳои деҳқонӣ;

• Рушди нерӯи институтсионалӣ оид ба васеъ кардани маҳорат ва донши ҳайати кормандони соҳаи кишоварзии ноҳия, то онҳо тавони додани машваратҳоро ба фермерону хоҷагидорон оид ба технологияҳои кишоварзӣ ва идоракунии об дошта бошанд.

• Мусоидат кардан барои фаъолияти пурсамари Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар ҳудуди ҷуғрофӣ ва баланд бардоштани тавономанди рушди иқтидори АИО, идоракунии об бобати рушди иқдисодиёт тавассути ҷорӣ намудани теҳнологияҳои пешрафтаи обёрӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва ҳаққи хизмати обрасонӣ.




Расми 2.Гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар дарёи Панҷ.

Дар Тоҷикистон як системаи муассири идоракунии пешгирӣ, бартарафсозӣ, афзоиши қаблӣ ва баҳодиҳии хатари офатҳои табиӣ таъсис дода шудааст. Минтақаҳои осебпазир дар қаламрави ҷумҳурӣ муайян карда шуданд, ки дар он ҷо ҳамоишҳои таълимию методӣ, тренингҳо ва машқҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулодда ё офатҳои табиӣ гузаронида мешаванд. Барои омодагӣ ва тарбияи талабагони мактабҳои миёна, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, ҳайати фармондеҳ, инчунин коргарон, хизматчиён ва аҳолии ҷумҳурӣ дар заминаи офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода барномаҳои махсус таҳия карда шуданд.

               Созишномаи бисёрҷониба ва дуҷонибаи байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои минтақавӣ, ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ мавҷуд аст.

Бо назардошти он, ки 40% ҳавзаи дарёи Панҷ Афғонистонро фаро мегирад ва дар ин робита аксар вақт обхезии ҷиддӣ рух медод, соли 2010 ду давлат созишномаи дуҷониба оид ба мониторинги муштараки гидрологии дарёи Панҷро бо дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла бобати идоранамоии ҳавзавӣ ба имзо расониданд. Мавзӯъҳои ҳамкорӣ аз ҳамоҳангсозӣ, кӯмак дар насб ва таҷдиди истгоҳҳои обу ҳавосанҷӣ дар дарёи Панҷ, гузаронидани экспедитсияҳои муштарак, омӯзиш, таҷриба, инчунин ташкили вохӯриҳо, семинарҳои илмӣ, мизҳои мудаввар иборат буданд. Ҷонибҳо инчунин нақшаи чорабиниҳоро оид ба ташкили як комиссияи муштарак барои ҳавзаи дарёи Панҷ таҳия карданд. Имрӯзҳо ҳарду давлат талош доранд, ки барои иҷрои нақшаи амали дастгирии техникӣ ва молиявӣ пайдо кунанд.

Расми 3.Мулоқоти намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Департаменти ҳолатҳои фавқуллода ва офатҳои табии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ш.Душанбе с.2018



Расми 4. Нақшаи таҳқиқоти пешакии гидрометеорологии Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар асоси ёддошти дуҷониба оид ба ҳамкорӣ тартиб дода шудааст.

Бояд гуфт, ки дар тӯли 15 соли охир дар Ҷумҳурии исломии Афғонистони ҳамсоя дар 23 ноҳия, 4 минтақаи шимолии Балх, Чавзон, Таҳор ва Кундуз зиёда аз 14 685 гектар замини кишт дар натиҷаи обхезии дарёи Панҷ шуста шуд.




Расми 5.Таъсири ҷойивазкунии дарёи Панҷ ба заминҳои корам дар вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.
Расми 6.Ҳаракати дарёи Панҷ дар минтақаи Каркини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.

Офатҳои табиӣ.

Таи солҳои охир шумораи офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле афзудааст, ки ба табиат, вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва некӯаҳволии сокинони кишвар таъсир расонидааст. Мушоҳидаҳои дарозмуддати ҳарорати ҳаво нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҳарорати миёнаи ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як дараҷа гарм шуда, шиддати ҳодисаҳои табиӣ ва гидрометеорологӣ низ зиёд шудааст.

Дар соҳаи кишоварзии, ки дар он зиёда аз 60% аҳолӣ кор мекунад, чунин офатҳо махсусан харобиоваранд. Тақрибан 75% занон ва 42% мардони кишвар дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд ва зиёда аз 1 миллион нафар одамон ҳамеша аз озуқаворӣ танқисӣ мекашанд ва дучори таконҳои такрории иқлим мешаванд.

Ҳарорати баланди ҳаво таи солҳои охир обхезиҳо ва селҳои азимро дар натиҷаи обшавии пиряхҳоро ба вуҷуд овард, ки инфрасохтори ҳаётан муҳими мамлакат, зироатҳо, роҳу воситаҳои нақлиёт (системаи коммуникатсия), шабакаҳои барқ, оббандҳо ва иншооти обиро хароб гардиданд, ки барои барқарор кардани он моҳҳо ё солҳо ва хароҷоти калони молиявӣ лозим меояд. Сарзадани офатҳои табиӣ бо сабаби тағирёбии иқлим, бар замми таҳдидҳои сейсмологӣ, монеи пешрафти ҷумҳурӣ то ба даҳсолаҳои оянда хоҳанд буд. Тӯли 25 соли охир дар саросари кишвар як қатор офатҳои табиӣ рух доданд, ки дар натиҷаи он зарари иқтисодӣ ба маблағи беш аз $ 2,1 миллиард расид ва беш аз 80% сокинони кишвар зарар диданд ва асосан қишрҳои осебпазири аҳолиро фаро гирифтанд.

Ҳар сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ миллионҳо осомонӣ маблағҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавро равона мекунад. Қисми ин маблағҳо барои кӯчонидани аҳолии зарардида, расонидани кӯмаки моддӣ равона карда шудаанд. Қисми дигар барои барқарорсозии инфрасохтори харобшуда, сохтмон ва барқарорсозии сарбандҳои муҳофизатии соҳил истифода мешавад. Ғайр аз он, барномаи мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим таҳия шудааст, ки ҳадафи он такмил додани системаи мониторинги мутобиқшавӣ ва системаи огоҳии барвақт мебошад, инчунин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида шуданд.

Тағйироти ҷаҳонии иқлим ба фаъолшавии равандҳои табиӣ дар мамлакати мо таъсир бахшид. Баландшавии ҳарорати ҳаво ба хушксолӣ оварда расонда, қисман офатҳои табиӣ худро зоҳир карданд. Масалан масоҳати пиряхҳо коҳиш ёфтанд, ки аз онҳо дарёҳои асосии кишвари мо ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо об таъмин мегарданд. Гармии минбаъда метавонад ба тамоми соҳаҳои саноат, энергетикӣ ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид кунад. Вобаста ба ин, Ҳукумат чораҳои таъҷилии мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлимро таҳия карда истодааст. Ҳалли ин мушкилот кӯшишҳои муштараки давлатҳои Осиёи Марказӣ, мақомот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони минтақаро талаб мекунад.

Бинобар таъсири тағирёбии иқлим ба соҳаи об ва кишоварзии ҷумҳурӣ таъсири ҷиддӣ расонида мешавад. Маълум аст, ки зироатҳо обро бештар талаб мекунанд, алахусус барои обёрӣ, бо назардошти бухоршавандаи растаниҳо. Меъёрҳои обёрии зироатҳои асосии кишоварзӣ низ меафзоянд, таназзули замин ба амал омада, хавфҳои равандҳои биёбоншавӣ дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ ба миён меоянд.

Дурнамои умумӣ:

Тибқи пешгӯии олимон ва коршиносони масоили экологӣ то соли 2050 дар Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхҳои хурд комилан нопадид хоҳанд шуд. Таназзули пиряхҳо ба ҷараёни Зарафшон, Кофирниҳан бо шохобҳо ва дарёҳои Обихингу сахт таъсир мерасонад. Масоҳати пиряхҳои кишвар 20%, ҳаҷми яхҳо 25% кам мешавад, аммо пиряхҳои калонтарин, муҳимтарин боқӣ хоҳанд монд, гарчанде ки онҳо то андозае кӯтоҳтар ва забонашон камтар хоҳад шуд. Ҷараёни пиряхии ҳавзаи дарёи Панҷ тақрибан тағир нахоҳад ёфт, маҷрои дарёи Вахш аз ҳисоби кам шудани маҷрои дарёи Обихингу то андозае коҳиш хоҳад ёфт.


Тағйирот ҳаҷми пиряхҳо дар Тоҷикистон.

Бо баррасии пешгӯии олимон майдони пиряхии кишвар метавонад нисбат ба замони ҳозира 15-20% ва захираи оби пиряхҳо 80-100 км3 мукааб кам шавад. Аммо пиряхҳои калон ва боқӣ хоҳанд монд. Эҳтимол аст ҷоришавии обҳои пиряхҳо ба дарёҳои Панҷ, Вахш ва Амударё дар маҷмӯъ аз аввал афзоиш ёбанд, дар як мудати муаян ва дар оянда баръакс, аз ҳисоби кам шудани захираҳои ях кам мешаванд. Тағйироти номусоид дар низоми гидрологии дарёҳо метавонад ҳам барои қишри осебпазири аҳолӣ ва ҳам барои тамоми минтақа оқибатҳои ҷиддӣ орад.

Боиси хушнудист, ки дар Тоҷикистон таҳқиқоти дар соҳаи омӯзиши вазъи пиряхҳо, гляциология ва криосфера оғоз ёфт. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмии Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Айни замон, марказ экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар саросари мамлакат мегузаронад, кашфиётҳои илмиро дар соҳаи криосфера ва гляциология такмил медиҳад, инчунин ҳолати омӯзиши пиряхҳоро ба эътидол меорад, ки ин имкон медиҳад дар ояндаи наздик шумораи дақиқи пиряхҳои мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шаванд. Инчунин, дар ҷумҳурӣ таҳқиқоти нави илмӣ ва бунёдӣ дар соҳаи криосфера ва гляциология эҳё шуданд, ки ба кормандони марказ имкон медиҳад, ки ба омода кардани “Атласи пиряхҳои Тоҷикистон” шурӯъ кунанд. Дар асоси дастовардҳои дар боло зикршуда, Тоҷикистон ба Системаи ягонаи глобалии мониторинги пиряхҳо шомил карда шудааст ва Марказ узви Созмони Умумиҷаҳонии Метеорологии Криосфера ва Гидрология мебошад.

Марказ ҳамроҳ бо ҳамтоёни швейтсариягӣ ба пиряхҳои Зулмарт ва Яккарча сафар намуда, экспедитсияҳои илмиро баргузар намуданд. Тавассути олимони МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ” ва олимони Институти Фрибурги Швейтсария дар пиряхҳои Помири Шарқӣ Зулмарт ва Яккарча, ки шохобаш дарёи Панҷро ташкил медиҳад истгоҳи автоматикии обу ҳавосанҷӣ  насб карда шуд. Истгоҳи обуҳавошиносӣ дастгоҳи автоматикӣ ҳифзкунандаи маълумот насб буда, маълумоти пиряхҳоро дар тӯли сол сабт ва нигоҳ медорад. Яке аз натиҷаҳои назарраси марказ истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин барои омӯзиши пиряхҳо бо даққиқи мушоҳидавӣ аз 5 то 7 сантиметр мебошад. Муқоисаи маълумоти моҳворагӣ ва иттилоотии гирифташудаи дронҳо ба мо имкон медиҳад, ки ҷойгиршавии пиряхро дар харита дақиқ муайян кунем. Ғайр аз он, тадқиқот оид ба пиряхҳо бо истифодаи GPS, GIS, Arc GIS, Qu GIS, Sanitel LandSAT гузаронида мешавад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар Осиёи Марказист ва тағирёбии иқлим барои тамоми минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки кӯшишҳои дастаҷамъона дар соҳаи мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи минтақавӣ муттаҳид карда шаванд.

Хулоса:

Муқоисаи сатҳи миёнаи солонаи маҷрои оби дарёҳои асосии ҳавзаи Панҷ бо нишондиҳандаҳои оянда аз рӯи пешгӯиҳои моделҳои гидроиқлимӣ нишон медиҳанд, ки то соли 2100 тадриҷан афзоиши маҷрои солонаи оби дарёи Панҷ дар назар аст. Аз ҷумла, ин хавфҳо дар шакли зерин зоҳир хоҳанд шуд: зиёд шудани талабот ба об, алахусус барои обёрӣ, аз ҳисоби баланд шудани ҳарорати ҳаво ва бухоршавӣ, ки ба норасоии об оварда мерасонад. Ин метавонад то охири асри мазкур рух диҳад ва ба соҳаи кишоварзӣ, воситаҳои зиндагӣ ва экосистема таъсир расонад. Давраҳои гармиҳои шадид ё хунук метавонанд бо таъсир ба саломатии одамон ва ҳайвонот ва истеҳсолоти кишоварзӣ таъсир расонанд. Зарар ба ҳаёт ва моликият, кишоварзӣ, воситаҳои зиндагӣ ва экосистемаҳо аз сабаби пайдоиши селҳои шадид (тармаҳои ногаҳонӣ, ҷараёнҳои дорои маводи таҳшинӣ, ки дар натиҷаи боришоти шадид ва обшавии барф ба вуқӯъ омадаанд, хусусан дар мавсими баҳор) зиёд мешаванд. Ҳамасола обшор кардани дарёҳои аз пиряхҳо обшуда. Тибқи пешгӯиҳои муҳаққиқон, тағирёбии асосии иқлим чунин хоҳад буд:

• Ҳарорати ҳаво дар ҳавзаи дарёи Панҷ аз соли 2010 то 2050 тақрибан 1,7oC ва аз 2050 то 2100 3,5oC зиёд мешавад;

• Дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво бухоршавии миёнаи солона зиёд мешавад;

• Тағйироти ҷиддии хронологии бориши миёнаи моҳонаи борон ва барфро низ интизор шудан мумкин аст;

• Тағйироти тадриҷӣ дар тақсимоти мавсимии ҷараёни дарёҳо мушоҳида шуданаш мумкин аст, ки ҷараёни зиёдтар ба аввали сол дар натиҷаи обшавии барф ва яхҳои барвақтар бо сабаби баланд шудани ҳарорати ҳаво рух медиҳад;

• Мумкин аст шиддатнокӣ ва басомади сел ва обхезӣ афзоиш ёбад.

Дурнамои танзими пиряхҳо.

Дурнамои континенталӣ, гармшавии иқлим ва натиҷаи таназзули системаи пиряхҳо равандҳои ҷаҳонӣ мебошанд, ки тамоми сайёра, тамоми қитъаҳои Заминро фаро мегиранд. Дар ним асри ҳозира  пиряхҳои Ӯзбекистон аз байн мераванд, дар тӯли якуним аср, бино ба ҳисобҳои пиряхшиносони Қирғизистон, ҳамаи пиряхҳои хурду миёнаи Тьяншан об мешаванд. Ва инсоният ҳанӯз наметавонад бо ин падида мубориза барад. Аммо ҳанӯзам роҳҳои мутобиқшавиро барои тағйирёбии муҳити зист дарёфт кардан зарураст. Мутахассисони пиряхшинос тадбирҳоро оид ба идоракунии реҷаи пиряхҳои кӯҳиро пешниҳод карданд аммо, пас аз санҷиши дақиқ, маълум шуд, ки тақрибан ҳамаи онҳо барои шароити Тоҷикистон номувофиқанд, аз он ҷумла:

• Бо роҳи сунъи зёд кардани боришот ҳоло ҳам идома дорад. Аммо дар авҷи тобистон, бо ҳарорати баланд ва намии пасти ҳаво, ба таври сунъӣ дар Осиёи Марказӣ ба амал омадани боришот ғайриимкон аст.

• Бо тарзи сунъӣ резонидани тарма. Дар ҳоли ҳозир танҳо дар баъзе роҳҳои кӯҳӣ ва конҳои маъдан истифода мешавад, аммо татбиқи он дар ҳамаи минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ғайриимкон аст. Бо кам шудани миқдори боришот ташаккулёби тармаҳо ва фаромадани тарма низ кам мешавад.

Ҳамин тариқ, тақрибан ҳамаи тадбирҳои номбаршуда оид ба танзими обшавии ях дар шароити Тоҷикистон мувофиқ нестанд. Танҳо ба ҳолати истисно “ҷамъ намудани ҷараёни об дар тирамоҳ дар обғундор” мебошад, яъне сохтмони обанборҳо дар кӯҳҳо. Онҳо бояд обҳоро ҷаъм намуда дар мавсим, вақте ки киштзорҳо ба он ниёз надоранд, захира кунанд. Хуб мешуд, ки сатҳи обанбор ба қадри имкон хурд ва чуқурӣ ба қадри имкон калонтар бошад: ин талафоти бухоршавиро кам мекунад. Дар айни замон, обанборҳо бояд бехатар бошанд, дар сурати пешрафт (ярч, сел, вайроншавии сарбанд дар натиҷаи заминларза), зарари онҳо бояд ҳадди аққал бошад. Чунин сарбандҳо метавонанд бо усули таркиш ё аз бетону оҳанӣ сохта шаванд, дар вақти пайдо шудан ҳолати садамавӣ бо тарзи автоматӣ бо канали обпарто ҷорӣ шаванд. Бояд партоби фавқулодда дар ҳолати лабрез шудан сохта шаванд. Обанборҳои бидуни нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ки танҳо барои обёрӣ пешбинӣ шудаанд, аллакай дар ҷумҳурии мо мавҷуданд, масалан Селбур, Мӯъминобод, аммо онҳо дар водиҳо ҷойгиранд.

Роҳи дуюми ин сохтмон пойгоҳои обкашӣ аз дарёҳои калону хурд  ба майдонҳои хурду бузург ва нишебиҳо мерасонад.

Истифодаи оқилонаи об ин сохтмони кубурҳои зеризамини, оберии чакраги, обери зеризамини сари ваҳт тамини иншоотҳои обгиранда,пойгоҳҳо обкаши каналҳо заҳбару заҳкашҳо ва иваз кардани тамоми технологияи кишоварзии мо бо технологияи муосиртаре, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна бо иқлими хушк ва камбориш истифода мешаванд.

                                                                    Адабиётҳо:                               

1. “Кадастри оби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нашри Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ”, Душанбе, саҳ. 8. 2020.

2. Ҳисоботи асосӣ TA 8647-TAJ: “Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ” манбаъ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе, ноябри соли 2015.

3. Ҳисобот дар бораи “Муҳоҷирати дарёи Панҷ дарёи Аму дар давраи солҳои 2000 то 2019” Маркази миллии омор ва иттилооти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон NSIA, Шуоб Сабури 2019, Афғонистон.

4. “Тадқиқоти бунёдӣ оид ба омӯзиши вазъи пиряхҳо дар Тоҷикистон оғоз ёфт” Маводҳои Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” 2019, Душанбе.

Дар давраи аз 04 то 08 ноябри соли 2019 Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳукуматҳои ноҳияҳои кӯҳистони Мастчоҳ, ш. Б.Ғафуров, ш.Конибодом ва ш.Истаравшани Вилояти Суғд дар мавзӯи “Идоракунии ҳавзавии захираҳои об (ИҲЗО): назария, амалия ва дурнамо дар ҳавзаҳои дарёҳои Тоҷикистон” ба сардорони АИО, намояндагони раёсатҳои кишоварзӣ, раёсатҳои хоҷагиҳои об, экология, идораҳои санитарию эпидемоилогӣ, деҳқонон, фермерон ва дигар иштирокчиёни марбута омӯзиши асосҳои мавзӯи болозикрро баргузор намуд.

Ҳадафи тренинг дар доираи татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 фаҳмонидани ташаккул, моҳият, аҳамият ва зарурияти татбиқи ИҲЗО Идоракунии Ҳамгироёнаи Захираҳои Обӣ дар байни ҷонибҳои манфиатдор ва истифодабарандагони об дар ҳавза ҳамчун заминаи рушди раванди ИҲЗО дар ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли ҳавзаи дарёи Сир), инчунин такмил додани дониши мутахассисони соҳаи об дар ИЗҲО буд.

 Чорабинии мазкур ба чор ҷаласаи асосӣ тақсим карда шуд.

Қисми назариявӣ: Дар ҷаласаи қисми назариявӣ, аз ҷумла истилоҳоти асосии ИҲЗО, аз қабили гардиши гидрологӣ, ҳавзаи об, тавозуни об, нақшаи тақсимоти об ва ғайра гузаронида шуд, ки дар бораи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ҳамкориҳои фаромарзӣ ва тағирёбии иқлим ва оқибатҳои он маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ: Дар ҷаласаи дуюми тренинг, таҷрибаи амалияи байналмилалӣ баррасӣ карда шуд, яъне намунаҳои ислоҳоти ИҲЗО дар кишварҳои алоҳида, ба монанди Аврупо, Осиё, Амрико, Австралия дода шуданд. Бояд қайд кард, ки дар ин мавзӯи ҷаласаи дуюм коршиносон маърӯзаҳои худро оид ба таҷриба ва таҷрибаи байналмилалии ИҲЗО дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таҳия ва пешниҳод карданд.

Дурнамои ИЗҲО дар Тоҷикистон: ҷаласаи сеюмро дар бар гирифта, дар он масъалаҳои заминаи назариявӣ ва маълумот дар бораи таҷрибаи байналмилалӣ оид ба татбиқи ИҲЗО дар Тоҷикистон бахшида шуд, ки дар он таърихи ИҲЗО дар Тоҷикистон, Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025, ҷанбаҳои қонунгузории ИЗҲО дар Тоҷикистон ва ғайра оварда шуданд.

Кори гурӯҳӣ: Аз рӯи натиҷаҳои ҳамаи машғулиятҳо гурӯҳҳо кор фикри худро муаррифӣ карданд, ки дар онҳо иштирокчиён дурнамои ислоҳоти ИЗҲО дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мисоли минтақаҳои захираҳои оби ҳавзаи дарёи Сир дар минтақаҳои худ муҳокима карданд, ки масъалаҳо барои муваффақияти ин ислоҳот муҳим буданд. Пас аз ба итмом расидани кор дар гурӯҳҳо, гурӯҳҳо маърӯзаҳои худро дар ҷаласаи пленарӣ пешниҳод карданд, ки дар он иштирокчиён масъалаҳои муҳимтарини об дар минтақаҳои худ ва роҳҳои ҳалли онҳоро муайян карданд.

Ҷой, давомнокӣ ва иштирокчиёни тренинг: Ин тренинг як давраи омӯзишӣ буд. Омӯзиш дар ҳар як ҳавзаи дарёчаҳои зерин Мастчоҳ-Сирдарё, Самғар-Сирдарё, Исфара ва Истаравшан дар давраи аз 04-08 ноябри соли равон гузаронида шуд. Дар давоми тренинг, иштирокчиён интихоб карда шуданд, ки ҳар як минтақаи ҳавзавиро муаррифӣ намуда, муҳокима ва гузаронидани ин тренинг намояндагӣ кунанд. Иштирокчиёни тренинг ҳамаи ҷонибҳои манфиатдори ҳавзаи об ва истифодабарандагони обро, ба монанди иштирокчиёни муколамаи ҳавза, намояндагӣ мекарданд. Дар маҷмӯъ, ба ҳисоби миёна дар як тренинг 40 нафар иштирок карданд. Шумораи умумии иштирокчиёни тренинг зиёда аз 160 нафарро ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки мақсади умумии гузаронидани тренингҳо аз он иборат аст, ки барои ислоҳоти минбаъдаи ИҲЗО дар Тоҷикистон фаҳмиши ягона дар бораи он ки ИҲЗО дар назария чӣ маъно дорад ва дар амал чӣ зарур аст. Ин замина хоҳад буд, ки мутахассисони соҳаи об ба сухан дар бораи ҷорӣ намудани минбаъдаи ИҲЗО дар ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ кунанд.

Дар тренингҳо, мавзӯъҳои муҳимтарини об муфассал баррасӣ карда шуданд:

• Шиносоии иштирокчиёни тренинг дар бораи ИҲЗО ва Ҳадафҳои Рушди Устувор;

• Шиносоии муқаддимавии иштирокчиён бо таърих, принсипҳои ИҲЗО;

• Шиносоии иштирокчиён бо гардиши об, ҳавза ва идоракунии ИҲЗО;

• Шиносоии иштирокчиёни тренинг бо ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об;

• Огоҳии муфассали иштирокчиён оид ба тағирёбии иқлим ва коҳиши хатари обхезӣ;

• Баррасии татбиқи ИҲЗО дар Аврупо (Дастур дар доираи об, таҷрибаи Фаронса, Испания, Португалия ва ғ.);

• Шиносоии муфассали иштирокчиён бо татбиқи ИҲЗО дар Амрико;

• Баррасии татбиқи принсипҳои ИҲЗО дар Осиёи Марказӣ;

• Шиносоии иштирокчиёни тренинг оид ба татбиқи ИҲЗО дар Тоҷикистон;

• Муқаддима ба Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои давраи солҳои 2016-2025;

• Баррасии ҷанбаҳои қонунгузорӣ оид ба таҳия ва татбиқи нақшаҳои ҳавзавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Муаррифии муфассали иштирокчиён бо муассисаҳои ҳавзавӣ ва воситаҳои идоракунӣ;

• Шиносоии иштирокчиёни тренинг ва муносибати онҳо бо ИҲЗО: гендер ва илм.

Шунавандагони мақсаднок:

Тренингҳои гузаронидашуда барои мутахассисони соҳаи оби минтақаҳои захираҳои оби Матча-Сирдарё, Самгар-Сирдарё, Исфара ва Истаравшан пешбинӣ шуда буданд. Ба доираи коршиносон намояндагони ҳама ҷонибҳои манфиатдор шомил буданд: намояндагони ҳукуматҳои минтақаҳои матч, Б.Ғафуров, Конибодом ва Истаравшан, аъзои  шӯъбаҳои минтақавии Раёсати мелиоратсия ва обёрӣ (ИДБЗО), Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, шӯъбаҳои минтақавӣ КВД “ХМК”, СЭС, Геология, кишоварзӣ,шуъбаҳои дастгирии АИО ва ғайра.

Leave a Reply