Home СохторШӯъбаи захираҳои об ва кадастр
Шӯъбаи захираҳои об ва кадастр

Шӯъбаи захираҳои об ва кадастр

  • Таҳияи принсипҳои илмӣ, роҳнамо ва дастурҳо оид ба ҷорӣ намудани Кадастри давлатии об ва шаклҳои интишори иттилооти нашршуда бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаъм намудани маълумоти зарурӣ дар бораи объектҳои об, захираҳои об, сифати об, инчунин истифодабарандагони об.
  • Таҳлил, систематизатсия ва нигоҳдории маълумот дар бораи захираҳои об, сифати оби истифодашуда;
  • Арзёбии ҷорӣ ва дурнамои захираҳои оби рӯизаминӣ ва сифати онҳо дар асоси тавозуни об барои ҳавзаҳои дарёҳо, кӯлҳо ва қитъаҳои алоҳидаи онҳо, воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва дар маҷмӯъ дар кишвар;
  • Коркарда баромадани Кадастри давлатии об бо истифодаи технологияҳои компютерӣ ва системаҳои Геоиттилоотӣ;
  • Баҳисобгирии масрафи об аз рӯи намудҳои истифодаи об, аз ҷониби бахшҳои иқтисодӣ, ҳавзаҳои дарё ва кӯлҳо;

Афзоиши шумораи аҳолии Тоҷикистон норасоии об, бад шудани сифат ва таназзули манбаъҳои обро ба вуҷуд меорад. Вазъи пуршиддати экологии ҷумҳурӣ асосноккунии илмӣ ва муносибати экологиро барои қабули стратегияи ҳалли масъалаҳои таъхирнопазири таъмини аҳолӣ бо об талаб мекунад. Дар ин робита, шуъба дар мавзӯи “Тадқиқоти масъалаҳои таъминоти об бо аҳолӣ дар Тоҷикистон” (солҳои 2010-2014) фаъолияти илмӣ намуд.

Дар шароити иқтисоди бозоргони хоҷагии халқ истифодаи интенсивии об дар иншоотҳои обӣ, масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об, аз масъалаҳои муҳимтарини шӯъба ба шумор меравад.

Маврид ба зикр аст, ки шӯъбаи Захираҳои об ва кадастр то имрӯз зиёда аз 15 китоб таҳти унвони “Маводҳои баҳисобгирии давлатии истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин дастурҳои гуногуни методиро оид ба пешбурди Кадастри давлатии об таҳия ва нашр кардааст, ки шакли ниҳоии содашудаи он “Дастурамали пур кардани 2ТП-хоҷагии об” мебошад. Шакли таҳияшудаи баҳисобгирии давлатии истифодаи об эътимоднокии нишондиҳандаҳои ҳисобшударо ҳангоми банақшагирии истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити бозоргонӣ баланд мебардорад.

Leave a Reply