Маркази илмӣ-таҷрибавии Ҷ. Балхӣ моҳи апрели соли 1966 дар заминаи экспедитсияи москвагии филиали “ВНИИГиМ” ба номи А. Н. Костяков таъсис ёфтааст. Вазифаи асосӣ омӯхтани хосиятҳои хокҳои таҳшиншавандаи ҷангалзор, азхудкунии заминҳои нишеб ҳангоми обёрии онҳо бо роҳҳои гуногун (боронӣ, қатрагӣ, импулсӣ), баррасии ҳолати мелиоративӣ ва технологияи тайёр кардани заминҳои обӣ дар хокҳои нишеб мебошад. Ба Маркази илмӣ-таҷрибавии Ҷ. Балхӣ вазифаҳо оид ба коркард ва татбиқ дар шароити води Вахш гузошта шудаанд:
- Технологияҳо доир ба сохтани системаҳо ва иншоотҳои мелиоративӣ дар заминҳои аз лиҳози сохтор хокашон ноустувор;
- Технологияҳои обёрӣ намудани заминҳои азхудшаванда ва усулҳои азхудкунии онҳо;
- Усулҳои муосири баҳодиҳии ҳолати мелиоративӣ, технологияи назорати гидрологӣ-мелиоративии заминҳои обёришаванда ва сохтмони заҳбуру заҳкашҳо;
- Усулҳои пешгӯи намудани вазъи табиӣ вобаста ба ҳолати мелиоративӣ ва масъалаҳои экологӣ;