Дар давраи аз 10-13 июни соли 2019 чаҳор тренинг дар мавзӯи “ИҲЗО: назария, амалия ва дурнамо дар ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Омӯзиш дар ҳар як ҳавзаи дарёҳои Аксу-Исфара-Томчасай-Хоҷабакирган-Аркасай гузаронида шуд. Дар ҷараёни тренинг, иштирокчиёне интихоб карда шуданд, ки минтақаро дар муколамаи ҳавзавӣ, муҳокима ва гузаронидани ин тренинг намояндагӣ мекарданд. Иштирокчиёни тренинг ҳамаи ҷонибҳои манфиатдори ҳавзаи об ва истифодабарандагони обро, ба монанди иштирокчиёни муколамаи ҳавза, намояндагӣ мекарданд. Дар маҷмӯъ, ба ҳисоби миёна дар як тренинг 40-45 иштирокчиён ширкат варзиданд. Шумораи умумии иштирокчиёни тренинг зиёда аз 165 нафарро ташкил дод.
• Ҳадафи лоиҳа омӯзонидани моҳият, аҳамият ва зарурияти татбиқи ИҲЗО дар байни ҷонибҳои манфиатдор ва истифодабарандагони об дар ҳавза ҳамчун заминаи рушди раванди ИҲЗО дар ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли ҳавзаи дарёи Сир), инчунин такмил додани дониши мутахассисони соҳаи об мебошад. ИҲЗО барои татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025.
• Қадамҳои аввали тренинг: Таъсиси модули таълимӣ оид ба ИҲЗО: назария, амалия ва дурнамо дар ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафт. Дар доираи маълумотҳо оид ба ислоҳоти соҳаи об дар Тоҷикистон, аз ҷумла маълумот дар бораи нақши фаъоли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ вобаста ба масоили об, ва ҳадафҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 аз ҷониби МД «ТоҷикНИИГиМ» модули омӯзишӣ таҳия гардид.
• Инчунин ба модули таълимӣ ҷаласаҳо оид ба назарияи асосии ИҲЗО дохил карда шудааст, ки аз таърихи пайдоиши ИҲЗО, конфронс дар шаҳри Дублин ва Рио, принсипҳо ва оқибатҳои онҳо ва ғайра оғоз мешавад.
• Қисми назариявӣ: Дар ҷаласаи аввал аз ҷумла истилоҳоти асосии ИҲЗО, аз қабили гардиши гидрологӣ, ҳавза, обанбор, тавозуни об, нақшаи тақсимоти об ва ғайра матраҳ карда шуд.
• Таҷрибаи ҷаҳонӣ (амалия): Дар ҷаласаи дуюми тренинг таҷрибаи амалияи байналмилалӣ баррасӣ карда шуд, яъне намунаҳои ислоҳоти ИҲЗО дар кишварҳои алоҳида, ба монанди Аврупо, Осиё, Амрико, Австралия оварда шуданд. Бояд қайд кард, ки дар мавзӯи ҷаласаи дуюм коршиносон маърӯзаҳои худро оид ба таҷриба байналмилалии ИҲЗО дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон пешниҳод карданд.
Татбиқ ва амалигардоги ИҲЗО дар Тоҷикистон, инчунин кор дар гурӯҳҳо: Доштани заминаи назариявӣ ва маълумот дар бораи таҷрибаи байналмилалӣ, дар бахши сеюм кор дар гурӯҳҳо бахшида шуда буд, ки дар он иштирокчиён дурнамои ислоҳоти ИҲЗО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли минтақаҳои захираҳои оби ҳавзаи дарёи Сир, ки масъалаҳо барои муваффақияти ин ислоҳот муҳим буданд, муҳокима карданд. Пас аз ба итмом расонидани кор дар гурӯҳҳо, бахшҳо маърӯзаҳои худро муаррифӣ карданд, ки дар он иштирокчиён масъалаҳои муҳимтарини об ва роҳҳои ҳалли онҳоро ҳал карданд.
Бояд қайд кард, ки ҳадафи умумии гузаронидани тренингҳо ин фаҳмонидани ислоҳоти минбаъдаи ИҲЗО дар Тоҷикистон, моҳияти он дар назария ва дар амал чӣ зарур аст, мебошад. Ин замина хоҳад буд, ки мутахассисони соҳаи об ба сухан дар бораи ҷорӣ намудани минбаъдаи ИҲЗО дар ҳавзаҳои дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ кунанд.
Дар тренингҳо, мавзӯъҳои муҳимтарини об муфассал баррасӣ карда шуданд:
• Шиносоии иштирокчиёни тренинг дар бораи ИҲЗО ва Ҳадафҳои Рушди Устувор;
• Шиносоии муқаддимавии иштирокчиён бо таърих, принсипҳои ИҲЗО;
• Шиносоии иштирокчиён бо гардиши об, ҳавза ва идоракунии ИҲЗО;
• Шиносоии иштирокчиёни тренинг бо ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об;
- Шиносои иштирокчиён дар бораи паст кардани сатҳи таъғирёбии иқлим ва ҳолатҳои офатҳои табии;
- Шиносои бо ИҲЗО дар мамлакатҳои Аврупо, Франция, Испания, Португалия и т.д;
- Шиносои иштирокчиён бо кори ИҲЗО дар Америке;
- Тарзи татбиқи ИҲЗО дар Осиёи Марказӣ;
- Роҳҳои ҷори кардани ИҲЗО да Тоҷикистон;
- Татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об дар давоми солҳои 2016-2025;
- Заминаҳои ҳуқуқии созмондиҳии Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Шинос намудани иштирокчиён бо Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об;
- Алоқамандии илм бо ИҲЗО;