Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон маҳалли бунёди ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшонро муайян мекунад, ки сохтмони муштараки онҳоро президентҳои Тоҷикистону Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дастгирӣ намуданд. “Пас аз қабули қарор аз ҷониби сарони ду давлат, гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд, то ин ки дар ин самт фаъолият муштарак намоянд”, – гуфт муовини якӯми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода дар таърихи 28 январ дар нишасти матбуотӣ. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир масоили техникӣ баррасӣ мешаванд, аз ҷумла, маҳалли бунёди истгоҳҳо ва усули сохтани онҳо муайян карда мешавад. Пас аз ҳалли масъалаҳои техникӣ, муовини якӯми вазир таъкид кард, ки масоили молиявию иқтисодӣ баррасӣ шуда, сипас корҳои лоиҳакашӣ шурӯъ хоҳад шуд. «Ҷаласаи гурӯҳи кории муштарак барои нимсолаи аввали соли равон ба нақша гирифта шудааст. Тибқи дастури сарони ду давлат, бояд ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 МВт сохта шаванд», – гуфт ӯ. Шоимзода Ҷамшед қайд кард, ки нақшаи сохтмони маҷмӯии нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон вуҷуд дорад, ки дар солҳои 70-уми таҳия шуда буд. «Тибқи нақшаи кӯҳна, дар он ҷо сохтмони ёздаҳ нерӯгоҳи барқи обӣ пешбинӣ шуда буд. Ҳоло, албатта, он ислоҳ мешавад ”, – афзуд ӯ. Ёдовар мешавем, ки тасмими якҷоя сохтани як нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон аз ҷониби президентҳои ду кишвар моҳи августи соли гузашта ҳангоми сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд сурат гирифта шуда буд.
Шавкат Мирзиёев пас аз он дар нишасти матбуотии ниҳоӣ қайд кард, ки ҷониби Тоҷикистон “Лоиҳаҳои омодаеро дорад, ки аз асосноккунии техникии иқтисодии стандартҳои байналмилалии бонкҳои калон гузаштаанд.” «Ба фикри ман, лоиҳаҳои гидротехникӣ аз масъалаҳои хеле ҷиддии ҳамкориҳои минтақавии мо хоҳад буд” иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. Ӯ инчунин қайд намуд, ки “Албатта сохтмони иншоотҳои азими гидроэнергетикӣ вақтро тақозо менамоянд, дар масири худ масоили техникиро фароҳам меоваранд, аммо зимнан мушкилотро якҷоя бартараф хоҳем кард ва дар ҳамоҳангӣ нерӯгоҳҳои обиро хоҳем сохт”, – итминон дод президенти Ӯзбекистон.