Home АхборотИштирок дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон
Иштирок дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон

Иштирок дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон

Дар рӯзи чоруми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи обрасонӣ ширкат варзид.

Сарвари давлати Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тугмачаро пахш карда, фаъолияти Шабакаи Обтаъминкуниро расман оғоз намуд.

Хабар дода шуд, ки лоиҳа бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ дар шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон ” амалӣ карда мешавад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо 23 миллион сомонӣ сарф карда шуд, ки дар натиҷа беш аз 15 ҳазор сокини шаҳри Гулистон, ки аз набудани оби нӯшокӣ мушкилот аз сар мегузарониданд, ба он дастрасӣ пайдо карданд.

Дар доираи лоиҳа, хатҳои асосии обтаъминкунии шаҳри Гулистон бо дарозии умумии 12 ҳазору 384 м сохта шуданд. Кори барқарорсозии чор истгоҳи обкашӣ, азнавсозии 8 чоҳи амудӣ бо насби таҷҳизоти насоси барқӣ, сохтани 7 чоҳи амудӣ, сохтмони хатти баландшиддати дарозӣ 1700 м ва 5 зеристгоҳҳои барқӣ, сохтани хатти технологӣ бо қубурҳои полиэтилении қутрашон гуногун дарозиаш 2650 м, ободонии гирду атрофи обанбори марказӣ, мумфарш кардани роҳ аз обанбор ба маркази шаҳр, сохтани бино барои погизагардоги ва таъмири анбори маводи безараргардонанда, иваз кардани зеристгоҳ дар обанбори марказӣ таъмин карда шуд.

Дар доираи татбиқи ин ҳадафҳо, шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон низ бо 7 адад таҷҳизоти коммуналӣ таъмин карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифат ва сатҳи корҳои иҷрошуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда дастурҳо доданд.

Сокинони шаҳри Гулистон ин иқдоми созандаро ҳамчун як нигаронии дигари роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва натиҷаи татбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

Leave a Reply