Аз 7 то 9 августи соли 2018 бо дастгирии Лоиҳаи Идоракунии Ҳамгироёнаи Ҳавзаи дарёи Зарафшон ва бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Айнии вилояти Суғд, Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ” барои Гурӯҳи кории ҳавзаи дарёи Зарафшон семинари омӯзишӣ гузаронид.
Дар ҷараёни кори семинари омӯзишӣ директори генералии Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ” Умаров Д.М., мушовири миллӣ оид ба Лоиҳаи SDC / UNDP Холматов А.П. дар мавзӯи «Қонунгузории об. меъёрҳои ҳуқуқӣ» ва мудири шӯъбаи« Захираҳои об ва кадастр»-и Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ» Махмаюсуфзода Идибег ширкат варзида, дар мавзӯи «Асосҳои ИҲЗО дар таҳияи нақшаи солонаи истифода ва ҳифзи обҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» суханрониҳо намуданд. Ҳангоми ҷаласаҳои мавзӯӣ диққати бештар ба кори интерактивӣ бо аъзоёни Гурӯҳи кории ҳавзаи дарёи Зарафшон, аз ҷумла силсилаи видеоҳо оид ба татбиқи принсипҳои ИҲЗО дар Тоҷикистон равона карда шуд. Иштирокчиёни семинари омӯзишӣ бо қонунгузории асосии об ва меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун дар бораи мелиоратсия, қонунҳо дар бораи АИО ва Қонун дар бораи таъминоти оби нӯшокӣ муфассалтар ошно шуданд. Ғайр аз он, рӯзи дигар иштирокчиён бо моҳият ва зарурияти ИҲЗО, бо принсипҳои асосии ИҲЗО ва татбиқи онҳо, банақшагирии ҳавзаҳо ва ғайра муфассал шинос шуданд.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо барои Гурӯҳи кории ҳавзаи Зарафшон минбаъд низ ба тақвият ва таҳкими заминаи кадрҳои бахши об мусоидат мекунад.