Home Оиди ПажӯҳишгоҳФаъолият

Фаъолият

Соли 1991 пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷумҳурӣ вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, экологӣ ва сиёсӣ тағйир ёфт ва аз ин рӯ, дар назди давлати ҷавон вазифаҳои сифатан нав гузошта шуд, ки дар таҳияи самтҳои асосии кори илмӣ ва вазифаҳое, ки дар назди Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ” ва шӯъбаҳои он истодаанд, ифода ёфтаанд:

  1. Муайян кардани сиёсати ягонаи идоракунии об бо назардошти манфиатҳои аҳолӣ ва соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон;
  2.  Тадқиқоти институтсионалӣ дар соҳаи об ва мелиоратсияи замин;
  3. Иштирок дар барномаҳои байнидавлатӣ оид ба ҳалли масъалаҳои идоракунии об ва мушкилоти экологии Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об (ИҲЗО);
  4. Иҷрои корҳо оид ба барномаҳои илмӣ-техникии сарфаи об, сарфаи энергия ва мелиоратсияи экологӣ;
  5. Омода намудани маводҳои иттилоотӣ оид ба дастовардҳои илму техника ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи об ва заминҳои обёришаванда;
  6. Таҳия ва татбиқи системаи чорабиниҳо оид ба такмил ва сохтани асбобҳои нави ченкунӣ барои баҳисобгирии об;
  7. Коркарда баромадани асосҳои меъёрӣ оид ба идоракунии самарноки захираҳои об ва рушди устувори иқтисоди миллии Тоҷикистон;
  8. Омода намудан ва бозомӯзии мутахассисони баландихтисоси соҳаи обу кишоварзӣ;
  9. Коркард ва татбиқи усулҳо ва меъёрҳои назорати гидрогеологӣ – мелиоративӣ дар заминҳои обёришаванда;
  10. Инкишофи робитаҳои кооперативӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва воситаҳои техникӣ барои истифодаи самараноки системаҳои обёрӣ ва истифодаи об;
  11. Истифодаи усулҳои таҳлили сифати об бо мақсади обёрии кишоварзӣ;
  12. Такмили технологияи обёрии зироатҳои кишоварзӣ бо усулҳои гуногуни обёрӣ (ҷӯякӣ, қатрагӣ, обпошӣ, зеризаминӣ);
  13. Коркарда баромадани Кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  14. Коркард ва татбиқи усулҳои нархгузорӣ барои обтаъминкунӣ ва арзиши захираҳои об;
  15. Таъсиси системаҳои иттилоотии минтақавӣ ва ҷумҳуриявии захираҳои об.