Home Оиди Пажӯҳишгоҳ

Оиди Пажӯҳишгоҳ

МУАРРИФИИ ТАШКИЛОТ
Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия»-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (МД «ТоҷикНИИГиМ»)
Тибқи Қарори Кумитаи давлатии Шўрои Вазирони ИҶШС оид ба илм ва техникаи Вазорати хоҷагии оби ИҶШС соли 1978 Муассиса ҳамчун филиали Ордени Ситораи Сурхдори Институти илмию тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи ба номи А.Н.Костяков таъсис дода шудааст.
Соли 1992 филиал ба «Институти илмию тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон» (ТоҷикНИИГиМ) ва соли 1994 ба Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «ТоҷикНИИГиМ» табдил дода шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он вазифаи ҳалли масъалаҳои баҳри Арал гузошта шуд. Соли 2007 ба муассиса мақоми Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ» дода шуд. Аз 03 марти соли 2014 мувофики қарори Ҳукумати Чумхурии Точикистон таҳти № 149, МД «ТоҷикНИИГиМ» ба ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

Дастовардҳои асосии Муассиса
• технологияи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар заминаи истифодаи барномасозии ҳосил, ки ба камшавии талафоти об ва нуриҳо ба андозаи 20%, болоравии маҳсулнокии меҳнат то 25% ва афзоиши ҳосилнокӣ то 20% мусоидат менамояд, кор карда баромада шуд;
• технологияи чуқурнармкунии хокҳои сахт зичшуда ва дубора шўршуда, ки ба беҳтаршавии хусусиятҳои обию физикии хок, таъмини сарфаи об то 15%, баландшавии ҳосилнокии зироатҳо то 40% ва баланд бардоштани ҳосилхезии замин имконият медиҳад, кор карда баромада шуд;
• реҷаҳои оптималии мелиоративӣ барои заминҳои обёришаванда кор карда баромада шуда, параметрҳои дренаж барои паст намудани сатҳи обҳои зеризаминӣ бо мақсади ба даст овардани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ асоснок карда шуданд;
• технологияи обёрии қатрагӣ, дисперсионии хурд, дохилихокӣ ва обпошии боронии зироатҳои сабзавотиву байни қаторашон коркардшаванда, ки ба камшавии харҷи об то 2 маротиба, баландшавии ҳосилнокӣ то 1,3-2,0 маротиба ва якбора ихтисор шудани меҳнати дастӣ имконият медиҳад, тарҳрезӣ карда шуд;
• масъалаи истифодабарии чорабиниҳои мелиоративӣ ҳангоми азнавсозии шабакаҳои обёрӣ аз ҷиҳати техникию иқтисодӣ асоснок карда шуд;
• “Муқаррарот оид ба ҷорӣ намудани ҳаққи хизматрасонии ташкилотҳои истифодабарии хоҷагии об” кор карда баромада шуд;
• чорабиниҳо барои беҳсозии ҳолати мелиоративию экологии водии Бешкент кор карда баромада шуданд;
• реҷаи оптималии обёрӣ ва обталабии гандуми тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар шароити баландкуҳи Бадахшон омўхта асоснок карда шуд;
• дар ҳамкорӣ бо Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон технологияи парвариши зироатҳои кишоварзӣ бо истифода аз усулҳои ғайрианъанавию сарфакунандаи нерў кор карда баромада шуд;
• реҷаи оптималии обёрии ҷуворимакка ва зичии ҷойгиршавии ниҳолҳои он ҳангоми обёрии қатрагӣ омўхта асоснок карда шуд;
• технологияи обёрии қатрагии пахтаи миёнанах ва маҳиннах бо истифода аз мулчаи плёнкагӣ дар шароити Тоҷикистони Марказӣ таҳия карда шуд;
• технологияи обистифодабарии дохилихоҷагӣ дар шароити заминҳои санглохи Тоҷикистони Шимолӣ кор карда баромада шуд;
• баҳодиҳии муқоисавии ҳосилнокии гандуми тирамоҳӣ (ҳосили 1-ум) ҳангоми микрообёрӣ ва марҷумак (гречка, ҳосили 2-юм) дар шароити Тоҷикистони Марказӣ гузаронида шуд;
• баҳодиҳии вазъи кунунӣ ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи заминҳое, ки бо насосҳо обёрӣ мешаванд, гузаронида шуд.
• системаҳои сарфакунандаи нерў барои банақшагирии фаврӣ ва дарозмуддати технологияҳои афзалиятноки обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар шароити ислоҳоти хоҷагии оби Тоҷикистон тарҳрезӣ ва дар амал ҷорӣ карда шуд;
• эътимоднокии шабакаҳои коллекторию дренажии заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон ва беҳсозии ҳолати мелиоративии онҳо таҳқиқ ва баҳодиҳӣ карда шуд;
• баҳодиҳии комплексии захираҳои обу замин ва кор карда баромадани системаи ягонаи талаботҳои баҳодиҳандаи обтақсимкунӣ ва истифодаи оқилонаи об дар ҳавзаи баҳри Арал гузаронида шуд.

Нашрияҳое, ки Муассиса аз чоп баровард:

“Маводҳои баҳисобгирии давлатии истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005. Душанбе – 2010, 50 саҳ.”
“Маводҳои баҳисобгирии давлатии истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009. Душанбе – 2010., 33 саҳ.”
“Маводҳои баҳисобгирии давлатии истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011. Душанбе – 2012., 20 саҳ.”
“Маводҳои баҳисобгирии давлатии истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2012. Душанбе – 2010г., 30 саҳ.”
• принсипҳои илмӣ, дастурҳои методӣ ва роҳнамоиҳо барои ҷорикунии Кадастри давлатии об ва шаклҳои нашри маълумотҳои “2ТП-Водхоз” кор карда баромада шуданд (солҳои 2006-2010);
• чорабиниҳо оид ба мелиоратсияи заминҳои обҳои зеризаминиашон баланд барои растанипарварии устувор дар мисоли водии Ҳисор гузаронида шуданд (солҳои 2006-2010);
• тавсияҳо оид ба истифодабарии шабакаҳои обрасонӣ дар шароити обистифодабарии пулакӣ кор карда баромада шуданд (солҳои 2006-2010);
• аз рўи таҳқиқотҳо доир ба татбиқи техника ва технологияи обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар шароити хоку иқлими водии Ҳисор ва вилояти Суғд параметрҳои обёрии қатрагии пахта бо истифодаи мулчаи плёнкагӣ асоснок карда шуда, ба истеҳсолот тавсия дода шуд (солҳои 2006-2010);
• элементҳои техника ва технологияи обёрии зироатҳои сабзавотӣ ҳангоми истифодаи усулҳои гуногуни обёрӣ такмил дода шуданд;
• реҷаҳои шусташавии хокҳои шўршуда ва аз ҳад зиёд намшуда ва обёрии пахта дар шароити заминҳои оби зеризаминиашон баланд омўхта шуд;
• “Муқаррарот оид ба назорати давлатии танзими муносибатҳои байни мақомоти хоҷагии об ва истифодабарандагони об” таҳия ва мавриди татбиқ қарор дода шуд;
• “Дастур оид ба назорати ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи Тоҷикистон” кор карда баромада шуд;
• принсипҳои илмию амалии барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ дар мисоли Канали калони Ҳисор тарҳрезӣ карда шуданд (солҳои 2011-2015);
• роҳҳои баланд бардоштани дастрасии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ таҳқиқ гардида, ба истеҳсолот тавсияҳо дода шуданд (солҳои 2011-2015);
• технологияи сарфакунандаи обу нерў барои парвариши зироатҳои асосии кишоварзӣ дар шароити иқтисоди бозоргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид (солҳои 2011-2015);
• қитъаҳои намоишӣ доир ба технологияҳои обсарфакунандаи обёрии зироатҳои байни қаторашон коркардшаванда ва боғу токзор дар шароити Тоҷикистони Марказӣ ташкил карда шуданд (солҳои 2011-2015);
• усулҳои агромелиоратсияи ҷангалӣ барои беҳдошти замини минтақаҳои обёришавандаи Тоҷикистон кор карда баромада шуданд (солҳои 2011-2015);
• “Тавсияҳо оид ба истифодаи усулҳои нави обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар шароити водии Данғара” таҳия карда шудаанд.
• Дастур оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии системаи обёрии қатрагӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид (соли 2018).
• “Дастур оид ба тарофаҳои диференсиалии хизматрасониҳо дар бахши обтаъминкунӣ аз шабакаҳои давлатии обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуд (2010с.)”.
• Ҷиҳати идоракунии самараноки захираҳои об ва механизмҳои ҷоринамоии ҳадафҳои Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ИҲЗО, сохтори ҳавзавии Канали Калони Ҳисор ККҲ таҳия гардид.
• “Тавсияҳо оид ба ислоҳоти маҷмӯии институтсионалӣ дар бахши оби Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда шуданд.
• Соли 2006 Муассиса лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Асотсиатсияҳои истифодабарандагони об”-ро таҳия намуда, барои ташаббуси минбаъдаи қонунгузорӣ унвонии Вазорат ва Ҳукумат пешниҳод намуд.
• Муассиса дар таҳияи “Консепсияи истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об”, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 тасдиқ шудааст, ширкат варзид.
• Муассиса дар таҳияи лоиҳаҳои Созишномаи байнидавлатӣ оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва энергетикии ҳавзаҳои Амударё ва Сирдарё ширкат варзид (2006-2009с).
• Муассиса дар таҳияи лоиҳаи “Стратегияи рушди бахши об дар Тоҷикистон (солҳои 2006-2010)” иштирок намудааст.
• “Тавсияҳо оид ба истифодаи самараноки заминҳое, ки оби тозаи зеризаминии наздик доранд” таҳия гардид (2011 сол).
• “Тавсияҳо оид ба истифодаи технологияи обёрии қатрагии зироатҳои кишоварзӣ” таҳия карда шуд (2013 сол).
• Муассиса дар таҳияи ҳуҷҷати “Паёми миллии сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим” ширкат варзид.
• Коркард ва тадбиќи технологияи каммасрафи обу-энергиясарфакунандаи обёрии асосии кишоварзӣ дар шароити иқтисоди бозоргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015).
• Коркарди технологияи инноватсионии обёрии зироатҳои кишоварзӣ ва батанзимдарории меъёри об дар шароити тағйирёбии иқлими Тоҷикистон (соли 2020).
• Кор карда баромадани асоснокии хокӣ-мелиоративии истифодаи самараноки хокҳои шўри обёришудаи Ҷанубу Шарқи Тоҷикистон (соли 2020).

Шумораи олимони кашфиётгару ихтироотчї ва номгўйи кашфиёту ихтироот аз замони шўравӣ то ҳол

Пешрафти илми соҳаи об бе пойгоҳи зеҳнӣ ва саҳми олимони пуртаҷрибаву эҷодкор ғайриимкон аст. Аз аввали таъсисиёбии муассиса (с.1978) то имрўз хизмати олимони мазкурро қайд намудан бамаврид аст: Шейнкин Г.Ю., Кириллов А.А., Сурин В.А., Панкратов П.А., Катс Д.М., Носиров Н.Ќ., Домуллољонов Њ.Д., Комилов О.К., Нурматов Н.К., Алиев И.С., Пўлотов Я.Э., Солиев А.Х., Бурнашев И.Ш., Исомутдинов С.И. Митянин Н.П. Колядич В., Муртазин Р.М., Ашўров О., Салимов Т., Олимов Ҳ.О., Саидов И.И., Раҳматиллоев Р.Р., Аминҳонов М.О., Баҳриев С.Ҳ., Умаров Д.М., Шарипов Ш., Разоқова Г.Т. Алиев Қ.А., Ҳамидҳонов Ҳ., Олимов Қ.З., Ахмедов Ғ.С., Аслонов Д.А., Ахмедов Ҳ.А. ва дигарон.
Ихтирооти муҳимтарини ҷоришуда ва ҷоришудаистодаи олимони муассиса инҳо мебошанд:

  • “Система капельного орошения”, патенти №54327, с.2006;
  • “Дождевальная система орошения”, патенти №TJ 14, с.1997;
  • “Форсунка для разбрызгивания воды для полива газонов и цветников г.Душанбе”, патенти №TJ 8, с.2007;
  • “Водоподъёмник – трубчатый водоизмеритель”, патенти №TJ15, с.2007;
  • “Новый способ полива по бороздам”, патенти №250, с.2004;
  • “Уплотнение берегов открытых каналов для уменьшения фильтрации воды”, патенти №158, с. 2005;
  • “Способ капельного орошения садов и виноградников”, патенти №TJ 612, с.2013;
  • “Поверхностный способ орошения по бороздам”, патенти №TJ 633, с.2014;
  • “Способ бороздкового полива пропашных культур”, патенти №TJ 736, с.2015;
  • “Способ орошения с.-х. культур по микробороздам”, патенти №TJ 134, с.2017.

3.Теъдоди патентҳои додашуда ва раванди амалишавии онҳо. Дастовардҳое, ки дар истеҳсолот ҷорӣ шуда истодаанд
То имрўз зиёда аз 30 ихтироот ба даст оварда шудааст, ки аз рўи онҳо олимони муассиса соҳиби зиёда аз 100 гувоҳномаву шаҳодатномаҳои муаллифӣ ва ратсионализаторӣ гардиданд.
Олимони Муассисаи давлатии “ТоҷикНИИГиМ” бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷорӣ намудани ихтироотҳо ва дастовардҳои илмии худ тавассути дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кооперативҳои истеҳсолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкорӣ намуда истодаанд.
Дастовардҳои илмии олимони муассиса имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии “Олимҷон” ва “Абдурашид”-и н.Бобоҷон Ғафуров; “Дењнур”-и н.Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ; “Тугарак”-и н.Восеъ; ҷамоатҳои деҳоти Фархор ва 20-солагии Истиқлолияти н.Фархор хоҷагии деҳқонии “Муслим”-и н.Бохтар ва х/д “Маданият”-и н.Конибодом татбиқ гардида истодаанд.
Олимони муассиса дар ноҳияҳо вобаста ба дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ дар масоҳати аз 1 то 10 га нақша ва микролоиҷаҳои обёрии чакрагии боғро тартиб дода, барои сохтани системаи обёрии чакрагӣ кўмики амалии худро расониданд, аз ҷумла:

  • лоиҳаи обёрии чакрагӣ дар ноҳияи Файзобод, х/д «Наргис» дар масоҳати 6 га тартиб дода шуда, аз он дар масоҳати 1 га корҳои сохтмонӣ рафта истодаанд;
  • дар х/д “Маданият”- н.Конибодом системаи обёри чакрагӣ дар масоҳати 1 га сохта ба истифода дода шуд;
  • дар ноҳияи Рўдакӣ, массиви Султонобод лоиҳаи обёрии чакрагӣ дар масоҳати 5 га барои ташкил намудани боғи интенсивӣ корҳо идома доранд.

Натиҷаҳои корҳои илмӣ дар соҳаи об ва кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуданд:

  • Натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар хоҷагии деҳқонии «Победа» -и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 600 гектар татбиқ карда шуданд;
  • Дар идораи байнихоҷагии ба номи Фрунзеи шаҳри Ҳисор қитъаҳои таҷрибавии истеҳсоли обпошии синхронӣ-импулсӣ ба кор шурӯъ кард, дар колхози ба номи Ленини минтақаи Колхозобод (минбаъдаи Ҷ.Балхӣ), дар иттиҳодияи агросаноатии Ховалинг, пас аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот шароити кори системаҳои болозикр муқаррар карда шуд;
  • Санҷиши таҷрибавии технологияи нави обёрӣ муайян намуд, ки ҳангоми банақшагирии зироати барномарезишуда (тамоюл то 10%), хароҷоти меҳнат ва оби обёрӣ кам мешавад.
  • Татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯи “Технологияи фарқкунандаи обёрии пахтазор бо истифодаи қубурҳои обёрикунанда” ҷорӣ карда шуданд, обёрӣ дар 3500 гектар гузаронида шуд ва нишон дод, ки самаранокии техникаи обёрӣ то 0,7-0,85, ККФ то 1-1,5% афзоиш меёбад, талаф шудани обҳои обёрӣ 5 – 6 маротиба кам ва афзоиши ҳосили пахтаи хом ба 2-4 c / га баробар шуд.
    Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, экологӣ ва сиёсӣ тағйир ёфт. Ва дар шароити иқтисоди бозоргонӣ хоҷагидории аҳолӣ бо дарназардошти боло рафтани истифодаи об дар манбаъҳои обӣ, дар радабандии вазифаҳои муҳими Муассиса масъалаҳои истифодабарии босамари захираҳои об гузошта шуданд.
    Натиҷаҳои асосии таҳқиқоти илмии шӯъбаи мелиоратсия:
  • Таҷрибаҳо оид ба обёрии қатрагии зерихокии пахта, ки барои ҳосилнокии баланд ва хароҷоти обёрӣ то 1,5-2 баробар мусоидат менамоянд.
  • Меъёрҳои оптималии намиғунҷоиши қабл аз обёрии дарахтони ҳосилдиҳандаи лимӯ, ки барои афзоиши ҳосилнокӣ то 10-20% мусоидат намуда, оби обёриро то 15 % кам мекунад, муқаррар карда шуд.
  • Реҷаи обёрии ангур бо тарзи обёрии дохилихокӣ ва ҷуякӣ коркарда баромада шуд. Дар муқоиса бо обёрии ҷӯякӣ ҳосили ангур то 30% меафзояд, истеъмоли об то 45% кам мешавад.
  • Талабот ва технологияҳои асосии обёрӣ барои барномарезии ҳосили пахта таҳия карда шуданд. Технология дар майдони зиёда аз 20 000 га ҷорӣ карда шудааст, инчунин ҳосилнокӣ аз 2-6 сентнер/га зиёд мешавад.
  • Татбиқи обпошии боронӣ ба заминҳои нишеб, ки ҳосили массаи сабзи юнучқаро то 800-900 с /га ( 16-18 тонна воҳиди хӯроки чорво) ва ҳосили пахтаи то 43 с/га баробар аст.