Главная Новости ➞ Ҳамкорӣ бо муассисаи илмии Чин дар самти ҷамъоварӣ ва истифодаи оби борон
Ҳамкорӣ бо муассисаи илмии Чин дар самти ҷамъоварӣ ва истифодаи оби борон

Ҳамкорӣ бо муассисаи илмии Чин дар самти ҷамъоварӣ ва истифодаи оби борон

25 сентябри  соли 2026 Муассисаи давлатии «ТоҷикНИИГиМ» -и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори генералии Муассисаи илмӣ-таҳқиқотии соҳаи хоҷагии оби музофоти Гансуи шаҳри Ланчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва намояндагони он вохӯрӣ гузаронид. Дар рафти ҷаласа роҳандозии ҳамкориҳо ва гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак оид ба ҷамъоварӣ ва истифодаи оби борон, мубодилаи таҷрибави илмӣ ва технологӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таҷрибавӣ, ташкили курсҳо ва семинарҳои байналмиллалии омӯзишӣ, омӯзиши технологияҳои идоракунии захираҳои об дар минтақаҳои хушк, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар соҳаи кишоварзӣ ва таъмини об матраҳ гардид.